Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консепсияи бозори ягонаи барқ баррасӣ шуд


Шӯрои сиёсати энержии Созмони иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе Консепсияи ташаккули бозори ягонаи нерӯи барқро баррасӣ кард. Ширкатдорони ин нишаст дирӯз сари масоили калидии оид ба ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои узви ин созмон дар соҳаи энержӣ ва истифодаи муассиру босамари захоири обу энержии минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд. Ба ҷуз ин масъалаҳои марбут ба истифодаи муассиртари захираҳои сӯзишворию барқии кишварҳои узви ин созмон муҳокима шуданд. Ёдовар мешавем, Шӯрои сиёсати энержӣ 20-уми ноябри соли 2001-ум маҳз бо ҳадафи таъсис бозори воҳиди энергетикӣ ташкил шуда, ба ҳайси як мақоми танзимкунандаи ҳамкориҳои кишварҳои узви созмони Авруосиё дар соҳаи энржӣ хидмат мекунад.
XS
SM
MD
LG