Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон:"Русия миёни мо нифоқ меандозад"


Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ Русияро бо кӯшиши нифоқандозии шабеҳи кишвари ба ду тақсимшудаи Кипр (Қиприс) муттаҳам кардааст.

Рӯзи душанбе дар ҳоле ки дипломати воломақоми амрикоӣ ҳукумати Гурҷистонро ба лағви вазъи фавқулода, ки ҳафтаи гузашта баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин ҷорӣ шудааст, ташвиқ мекард, президент Саакашвилӣ чунин як изҳороте интишор намуд:

"Ҳозир мехоҳам ба шумо дар бораи чизе иттилоъ диҳам, ки то ин дам пиромуни он сӯҳбат накардаам. Соли гузашта дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Минск президент Путин мушаххасан ба ман изҳор намуд, ки Русия дар Абхозистон як Кипри нав ташкил хоҳад кард."

Русия даст доштан дар нооромиҳои Гурҷистонро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG