Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виталий Калоев ба Маскав расид


Виталий Калоев, як шаҳрванди Русия, ки пеш аз мӯҳлат аз зиндони Швейсария озод шуд, ба ватан баргашт. Оқои Калоев аз рӯи ҳукми додгоҳи олии Швейсария озод шуда шаби сешанбе бо роҳи ҳавойӣ ба Маскав баргашт. Баробари расидан вай ҳамватанонашоро барои пуштибонӣ ташаккур кард ва гуфт, ки ният дорад дар ду рӯзи дигар ба зодгоҳаш - шаҳри Владикавказ баргардад. Соли 2005 додгоҳи Швейсария Виталий Калоевро барои қатли раҳнамои фурудгоҳи ширкати "Скайгайд" Петер Нелсон ба мӯҳлати ҳашт сол равонаи зиндон кард. Нелсен шаби суқути ҳавопаймое, ки дар дохилаш 71 нафар, аз ҷумла ҳамсар ва ду фарзанди оқои Калоев будаанд, навбатдор буд. Ҳама сарнишининони он ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG