Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди ҳаводорони футбол бо полис дар Итолиё


Дар Итолиё, баъди он ки полис як мухлиси футболро аз тири туфанг ба ҳалокат расонид, садҳо ҳаводорон дар дохилу хориҷи як варзишгоҳ даст ба бенизомиву хушунат заданд. Ин ҳодиса дар Рум рух дод. Як афсари полис ҷавони 26-солаи тарафдори кулби Лазиоро ба ҳалокат расонид. Садҳо ҳаводорони футбол ба идораҳои полис ва дафтари асосии Кумитаи олимпии Итолиё ҳамла карданд. Инчунин дирӯз дар шаҳри Милан мавҷи даргириҳои ҳаводорони футбол бо полис боло гирифт. Полис кушторро чун як иштибоҳи фоҷеабор арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG