Интихоботи президентии Лубнон бори сеюм ба таъхир гузошта шуд. Раиси парламенти Лубнон Набӣ Беррӣ мегӯяд, интихобот на 12 ноябр, балки 21 ноябр доир мешавад. Даври раёсатҷумҳурии президенти рӯ ба Сурияи Лубнон Эмил Лаҳуд 23 ноябр ба поён мерасад. То ин замон ҷаласаи парламенти Лубнон, ки бояд президенти навро интихоб намояд, ду дафъа ба таъхир афтодааст, то гурӯҳҳои лубнонии ҷонибдори Сурия ва мухолифини онҳо дар мавриди ягон номзад ба мувофиқат расанд.