Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 январ - интихоботи президентии Гурҷистон


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дирӯз гуфт, ки тасмим гирифтааст, моҳи январи имсол интихоботи пеш аз вақти раёсатҷумҳуриро баргузор кунад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвар, Саакашвилӣ гуфт, ки интихобот дар таърихи 5 январ "ба хотири дастёбӣ ба эътимоди мардум" баргузор хоҳад шуд. Тасмими Саакашвилӣ рӯзе баъди даргириҳои полис бо эътирозгарон дар хиёбонҳои Тифлис гирифта шуд, ки талаби истеъфои ӯро пеш гузошта буданд. Саакашвилӣ дар пай ба мӯҳлати 15 рӯз вазъияти фавқулоддаро эълон кард. Вазорати хориҷаи Амрико дирӯз аз тасмими раиси ҷумҳурии Гурҷистон истиқбол кард ва ҳамчунин аз ӯ тақозо намуд, ки ҳолати изтирориро дар кишвар бекор кунад.
XS
SM
MD
LG