Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон соҳиби 3 ҳазор сентрафуга шудааст

Маҳмуди Аҳмадинажод – раисиҷумҳури Эрон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Бирҷанд, воқеъ дар шарқи кишвар гуфт, ки айни ҳол Эрон 3 ҳазор сентрафуга дар ихтиёр дорад. Барои нахустин бор Теҳрон расман эълом дошт, ки корхонаи Натанз бо сентрафугаҳо барои ғанисозии ураниум комилан таъмин шудааст.

Кишварҳои Ғарб, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осошта дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тед Липйен аз мақоми президенти РАО/РО озод шуд

Тед Липийен

Шоми 22-юми январ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва ду нафар аз роҳбарони бунгоҳи нашаротии байналмилалӣ, ки ҳукумати Амрико сармоягузорӣ мекунад, бо фармони иҷрокунандаи роҳбари Оҷонси расонаҳои ҷаҳонии Амрико ва ё USAGM аз вазифа барканор шуданд.

Мақомҳои расмие, ки бо ин тағйирот ошноянд, гуфтанд, Келу Чао, иҷрокунандаи роҳбари USAGM, Тед Липйен президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҳамроҳ бо роҳбари “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” баъд аз як моҳи таъин шудани онҳо ба ин мақом аз вазифа сабукдӯш кард.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз он сурат мегирад, ки Чао роҳбари “Садои Амрико” ва муовини ӯро аз вазифа барканор кард. Роҳбари “Дафтари суханпароканӣ дар Куба” низ истеъфо дод.

“Садои Амрико” ва “Дафтари суханпароканӣ дар Куба”ба ҳукумати Амрико тааллуқ доранд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” ширкатҳои хусусии ғайритиҷоратӣ ҳастанд, ки тавассути Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешаванд.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз истеъфои Майкл Пак, роҳбари USAGM сурат мегиранд. Пак аз сӯи демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон барои сиёсати кадрие, ки пас аз таъйин шуданаш дар моҳи июни соли гузашта дар Конгресс рӯи даст гирифт, танқид мешуд.

Ҳамсари Алексей Навалний дар тазоҳурот дар Маскав боздошт шуд

Алексей Навалний ва Юлия Навалная ҳангоми бозгашт ба Русия дар ҳавопаймо

Юлия Навалная, ҳамсари мунтақиди Кремл - Алексей Навалнийро боздошт кардаанд.

Хонум Навалная дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ӯро рӯзи 23-юми январ дар тазоҳурот дастгир карданд. Дар ин тазоҳурот ҳазорон нафар бо талаби раҳоии шавҳари ӯ аз зиндон ҷамъ омаданд.

Алексей Навалний ҳафтаи гузашта, пас аз як давраи муолиҷа дар Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро моҳи августи соли гузашта пас аз заҳролуд шудан аз заҳри “Новичок” барои табобат ба Берлин бурда буданд.

Пулис тазоҳурот дар Маскав ва даҳҳо шаҳри дигари Русияро ғайриқонунӣ эълон карда, садҳо нафарро боздошт кард.

Сомонаи раҳбари Эрон акси монанд ба Трампро зери мили силоҳ нашр кард

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ роҳбари олии Эрон

Дар сомонаи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, акси як нафар бозигари голф нашр шуд, ки ба собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп монанд аст. Бозигар дар акс мавриди ҳадафи дрон тасвир шудааст.

Ин тасвир нахуст бо забони форсӣ дар шабакаи иҷтимоии Twitter нашр шуд, ки дар он барчаспе ба сомонаи расмии Хоманаӣ ҳам буд.

Twitter ин тасвирро рӯзи 22-юми январ пок кард ва гуфт, он тақаллубӣ аст. Зери ин акс гуфтаҳои ахири роҳбари олии Эрон дар солрӯзи қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоб низ гузошта шуда буд.

Сулаймонӣ яке аз нафарони пурнуфузи Эрон ва аз тарроҳони сиёсати хориҷии Теҳрон дар минтақа буд. Фармони қатли ӯро 3-юми январи 2020 Трамп содир карда буд.

“Қотилон ва ҳам фармоишгарон бояд донанд, ки интиқом ҳар лаҳза метавонад фаро расад”. Ин ҷумларо сомонаи Хоманаӣ аз суханронии ӯ дар робита ба солгарди қатли Сулаймонӣ дар як суратлавҳа иқтибос кардааст.

Дар ин тасвир ҳамчунон сояи дрон дар пасманзари марди танҳое, ки голф бозӣ мекунад, дида мешавад. Трамп маъмулан голф бозӣ мекунад, вале дар инҷо аз ӯ ном бурда намешавад.

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон соли 2018, пас аз он ки Трамп аз созиши ҳастаии миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ даст кашида дубора таҳрим ҷорӣ кард, якбора ташдид ёфт.

Теҳрон бо партоби чандин мушак ба пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар Ироқ интиқом гирифт. Аммо баъдан ҳар ду ҷониб аз идомаи таниш даст кашиданд.

Дар Русия садҳо эътирозгар ба ҳимоят аз Алексей Навалний ба кӯчаҳо баромаданд

Пулис яке аз эътирозгаронро боздошт мекунад. Хабаровск, Русия. 23-юми январи 2021

Рӯзи 23-юми январ, новобаста ба сардии шадиди ҳаво ва фишори пулис, дар Русия гуруҳи бузурги эътирозгарон ба хиёбонҳо баромада, барои озодии Алексей Навалний, мунтақиди Кремл, садо баланд карданд. Навалний рӯзи 17-уми январ, пас аз муолиҷа аз заҳри Новичок, аз Олмон ба Маскав баргашт ва ба сӣ рӯз ҳабс маҳкум шуд.

Роҳпаймоиҳо нахуст дар Сибир ва Шарқи Дур бо ширкати садҳо эътирозгар шуруъ шуд. Бо вуҷуди он ки дар Хабаровску Владивосток ва чанд шаҳри дигар ҳаво сард ва назорати мақомоти қудратӣ дар кӯчаҳо шадид буд.

Гуруҳи "ОВД- Инфо", ки фаъолияти пулисро назорат мекунад, аз боздошти даҳҳо эътирозгар хабар дода, гуфт, мақомот чанде аз боздоштшудаҳоро латукӯб карданд.

Дар навори эътирозҳо дар Владивосток дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони зиреҳпӯши пулис барои пароканда кардани эътирозгарон онҳоро калтаккӯб мекунанд. Дар шаҳри Якутск бо вуҷуди 50 дараҷа сард будани ҳаво ва шамоли сахт эътирозгарон ба кӯчаҳо рехтанд.

Дар шаҳри Маскав, ки маъмулан ҳамоишҳои эътирозии бузург доир мешаванд, тазоҳургарон ният доштанд дар майдони Пушкин ҷамъ оянд. Дар остонаи ташкили эътирозҳо ҳадди ақал дар 65 шаҳри Русия мақомот ҷонибдорони Навалнийро боздошт карда, аз маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, даъватҳоро барои ширкат дар тазоҳурот пок кунанд.

Ин эътирозҳо як навъ санҷиши мизони ҳимоят аз Навалний аст, ки дар миёнаи зимистони Русия, дар пасманзари пандемия ва рукуди иқтисодӣ ва интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст моҳи сентябр доир шавад, баргузор мешаванд.

Даъвати се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон ба "озодии фаврӣ"-и Дониёр Набиев

Ба қавли наздиконаш Дониёр Набиев 87-сола аст

Намояндагони се созмони ҳомии ҳуқуқи башар ва чанде аз фаъолон аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-соларо, ки аз ҷониби мақомот бо гуноҳи ифротгароӣ 7 сол зиндонӣ шудааст, "билофосила ва бе қайду шарт" озод кунад.

Изҳороти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди "Бузургмеҳр Ёров" ва коршиносони дигар рӯзи 22-юми январ нашр шуд. Дар он ҳукми зиндони Набиевро дорои "ангезаҳои сиёсӣ" донистаанд.

Дониёр Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст." Қаблан созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch низ ҳабси Набиевро маҳкум кард ва озодии ӯро тақозо намуд. Ба ин талабҳо то ҳол мақомоти Тоҷикистон вокунише накардаанд.

Дар изҳороти ахири се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ "боздошту зиндонӣ кардани Дониёр Набиев дар давраи пандемияи COVID-19 барои фаъолияти сулҳомез ва хайрияаш" ҳамчун "ба хатари ҷиддӣ гузоштани зиндагии ӯ ва нақзи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар" интиқод шудааст.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар ва профессори донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ рӯзи 22-юми январ гуфт, "Тоҷикистон дар як бӯҳрони давомдори ҳуқуқи башар қарор дорад ва аллакай чандин ҳуқуқшинос, журналист ва фаъоли маданиро қурбонӣ кардааст." Свердлов мегӯяд, "Набиев бояд билофосила озод шавад".

Соле пеш Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад. Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои чанд ҷиноят, аз ҷумла, ба қавли онҳо, даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ маҳкум шудаанд. Раҳбарияти дар хориҷа иддаои даст доштан дар ошӯбро бепоя хондаанд.

Раҳбари нави USAGM мудирони “Садои Амрико”-ро барканор кард

"Садои Амрико" як бахше аз Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM аст

Иҷрокунандаи мақоми Раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM Келу Чао дар рӯзи аввали кораш раиси “Садои Амрико”-ро барканор кард. Бо ин қарори худ Чао таъиноти шадидан интиқодшудаи раҳбарияти пешини USAGM-ро бекор кард. Собиқ раҳбари ин созмон Майкл Пэк, ки бо кӯмаки президенти собиқ Доналд Трамп ба ин мақом расида буд, рӯзи 20-уми январ аз мақомаш истеъфо доод. Моҳи декабр Пэк Роберт Рейлиро раҳбари “Садои Амрико” таъин кард ва бар асоси қарори Чао, Рейли ҳамроҳ бо муовинаш Элизабет Роббинс аз мақомаш сабукдӯш шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси “Садои Амрико” собиқ раиси бахши хабарҳои ин ширкат Иоланда Лопес таъин шудааст. Рейли ӯро ҳафтаи гузашта ба вазифаи дигар таъин карда буд.

Дар бораи аз мақомаш рафтани Пэк дар рӯзи савгандёдкунии Ҷо Байден, президенти нави ИМА маълум шуд. Дар соатҳои баъди шурӯи кор, Байден чанд амру фармоне имзо ва ҳам тағйироти кадрие баргузор кард. Илова ба ин, маъмурият аз Майкл Пэк тақозо кард, ки аз мақомаш канор биравад. То он замон Байден ва аъзои тимаш гуфтанд, ки кори раҳбари USAGM, ки барои амалкарди нодуруст дар нисбати сохторҳои зертобеаш гунаҳгор мешуд, баҳогузорӣ мешавад. Майкл Пэк ба вазифаи раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико дар моҳи июни соли 2020 таъин шуд. Бархе сенаторҳои демократ дар ҷараёни баррасии номзадии ӯ гуфтанд, ки ҳарос доранд Пэк дар кораш ба манфиати Трамп амал хоҳад кард. Худи Пэк инро рад карда гуфтааст, ки кори журналистон бояд бидуни дахолати сиёсӣ пеш равад.

Вале баъди ин, дар давоми ду ҳафтаи аввал дар мақоми раиси USAGM Пэк чанд раҳбари созмонҳои матбуотии зертобеашро барканор кард ва дар миёни онҳо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳам буд.

Ронандагони мусофирбарҳои Бишкек боло бурдани нархи роҳкироро талаб доранд

Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, ронандаҳои мусофирбар дар пойтахти Қирғизистон талаб доранд, ки нархи роҳкиро то ба 20 сом боло бурда шавад.

Дар шаҳрдории пойтахти Қирғизистон 22 январ бо иштироки раҳбарони ширкатҳои хусусии мусофирбарӣ ҷаласае баргузор ва тадриҷан боло бурдани нархи роҳкиро баррасӣ шудааст.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, ронандагони мусофирбарҳо хостаанд, нархи роҳкиро барои як нафар то ба 19-20 сом гарон карда шавад.

Иҷрокунандаи вазифаи шарҳдори Бишкек Балбак Тулобоев дар навбати худ пешниҳод кардааст, ки нархи роҳкиро барои таксиҳо 15 сом, барои автобусу троллейбусҳо 10 сом муайян карда шавад. Нафақахӯрон ва ноболиғон 8-сомӣ пардохт хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, 18 январ як қисми ронандагони мусофирбарҳои Бишкек бо талаби боло бурдани нархи роҳкиро корпартоӣ карда буданд. Дар ҳоли ҳозир нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек 10 сом аст.

Русия аз тамдиди New Start аз ҷониби Вашингтон истиқбол кард

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин

Русия пешниҳоди президенти ИМА Ҷо Байденро дар бораи тамдиди мӯҳлати созишномаи назорати силоҳҳои ҳастаӣ бо номи “New START”-ро хуш пазируфт, вале гуфт, ки бояд пешниҳодҳои мушаххаси ҷониби Амрикоро бубинад. Кохи Сафед рӯзи 21-уми январ гуфт, Байден мехоҳад пеш аз хатми мӯҳлати созишнома дар моҳи феврал созиши назорати силоҳҳои ҳастаиро ба панҷ соли дигар тамдид кунад. Ин як иқдоми калони маъмурияти нави Кохи Сафед дар бахши сиёсати хориҷӣ мебошад.

Дар вокуниш ба изҳороти Вашингтон, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 22-юми январ гуфт, ки бояд ҷузъиёти пешниҳодро дид. Маъмурияти президенти собиқ Доналд Трамп гуфта буд, ки мехоҳад бархе шарту шароитро нав кунад, вале Маскав инро рад карда буд. Песков дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт: “Русия мехоҳад созиши “New START” ва тамдиди онро нигоҳ дорад” ва афзуд, “мо иродаи сиёсӣ дар заминаи тамдиди санадро хуш мепазирем, вале ҳама чиз ба ҷузъиёте вобаста аст, ки дар пешниҳод зикр мешавад”. “New START” – созиши охирини миёни Маскаву Вашингтон аст, ки шумори силоҳҳои ҳастаиро дар миқдори муайян танзим мекунад.

Дар Қазоқистон ба фирориёни Шинҷони Чин ҳамла карданд

Кайша Акан, яки фирории қазоқтабори Чин.

Ба Кайша Акан ва Мурагер Олимулӣ, ду фирорӣ аз Шинҷони Чин, ки ба инъикоси масоили поймолсозии ҳуқуқи ақалиятҳо дар Чин машғул буданд, дар Қазоқистон ҳамла сурат гирифт.

Ба Кайша Акан, ки соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, шоми 21 январ дар шаҳри Алмато ҳамла шуд.

"Афроди номаълум ба вай ҳамла кардаанд. Ба сараш задаанд, бӯғӣ карда, ба рӯи замин кашидаанд", - гуфт Бекзод Мақсудхонулӣ, роҳбари созмони сабтнашудаи "Нағиз Атажурт". Ин созмон ба пажуҳиши масъалаи таъқиби қазоқтаборон дар Шинҷон машғул аст.

Мурагер Олимулӣ, фирории дигар аз Шинҷони Чин, ки низ соли гузашта дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт кард, дар шаҳир Нурсултон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Олимулӣ гуфт, соати 22 шаб вай аз кӯча мегузашт, ки ду нафари ношинос ба ӯ наздик шуда, бидуни ҳеч ҳарф ба латту кӯб шуруъ карданд. "Бо корд ба ман ҳамла карданд. Ҷароҳати сабук бардоштам. Дар сарам ва миёнам заданд", - гуфт Олимулӣ.

Пулиси Қазоқистон гуфт, ҳамла ба ин ду нафарро таҳқиқ мекунад.

Марде дар маркази Минск худсӯзӣ кард

Ходимони полиси Беларус дар назди марде, ки худсӯзӣ кардааст. 22-юми январ, майдони Истиқлолияти Минск

Марде, ки дар муқобили бинои ҳукумат дар майдони Истиқлолияти Минск худро оташ зад, дар ҳолати сангин ба беморхона интиқол дода шуд. Ин майдон аз моҳи август ба ин сӯ макони баргузории намоишҳои эътирозии серҷамъият бо талаби аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко гардидааст. Дар як навори видеоӣ 22-юми январ дида мешавад, ки марде оғуштаи оташ ба замин хоб аст ва дар паҳлӯяш як зарфе бо газ дида мешавад. Дар видео дида мешавад, ки ходимони полис барои хомӯш кардани оташ ба рӯи ӯ як кампале мепартоянд. Дар атрофи майдони Истиқлолияти Минск бинои ҳукумат, парлумон, шаҳрдории Минск ва Шӯрои шаҳр ҷойгир мебошанд.
Сухангӯи маъмурияти шаҳри Минск Наталия Ҳанусевич гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. ВКД-и Беларус гуфт, ки феълан дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ ҷузъиёте дода наметавонанд. Ба иттилои вазорати беҳдошти Беларус, 50 дарсади бадани ин марде, ки ҳанӯз ҳуввияташ маълум нест, сӯхтааст.

Беларус аз 9-уми август ба ин сӯ дар умқи як бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад. Дар он рӯз мақомот гуфтанд, ки Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бори навбатӣ дар интихобот ғалаба кард. Вале мухолифон гуфтанд, ки натиҷаҳо тақаллуб шуд ва баъди ин ҳазорҳо сокинони Беларус бо талаби истеъфои ӯ ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ мебароянд. Пирӯзии Лукашенкоро ғарбу Аврупо эътироф накарданд ва барои саркӯбу шиканҷаи мухолифону эътирозгарон ин кишварро таҳрим намуданд.

Венгрия аввалин давлати ИА аст, ки воксинаҳои русии Sputnik V-ро мехарад  

Вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто

Венгрия аввалин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо шуд, ки бо Русия созишнома дар бораи харидории воксинаҳои Sputnik V-ро имзо кард. Дар ин бора 22-юми январ дар ҷараёни нишасти матбуотии муштараки вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко ва вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто хабар дода шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар фурсати наздик миқдори калони воксинаҳои зидди коронавирус дар се навбат аз Русия ба Венгрия фиристода мешавад. Ҷузъиёти аз ин беш гуфта нашуд. Мақомоти тиббии Венгрия аз қабл ба истифодаи ду навъи воксинаи AstraZeneca-и Бритониё ва Sputnik V-и Русия иҷоза доданд. Иҷозаи Sputnik V шаш моҳро дар бар мегирад ва имкони тамдид шудан ҳам дорад. Оҷонсии дорувори Аврупо (EMA), ки ниҳоди танзимкунандаи аслии маводи дорувори 27 кишвари узв мебошад, бояд барои истифодаи ин воксинаҳои зидди коронавирус иҷоза бидиҳад. Қарор дар бораи истифодаи воксинаҳои сохтаи AstraZeneca ва ҳам донишгоҳи Оксфорди Бритониё 29-уми январ қабул мешавад. То ҳол EMA ду воксинаро барои истифода дар кишварҳои узви ИА иҷоза додааст: инҳо воксинаҳои сохтаи Pfizer-BioNTech ва Moderna мебошанд. Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия дар муроҷиати радиоиш гуфт, ки беҳтарин роҳи эмкунии сартосарии сокинон ин мешавад, ки дар як вақт чандин воксина иҷоза дода шавад, чунки ширкатҳо дар ҳоли рақобат шумори зиёди воксинаро истеҳсол ва таъмин мекунанд.

Додгоҳи Қазоқистон ба озодии билофосилаи ҳомии ҳуқуқ амр кард

Санавар Зокирова

Додгоҳе дар шаҳри Тараз – ҷануби Қазоқистон амр кард, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар Санавар Зокирова билофосила аз зиндон озод шуда, ҳукмаш бо ҷарима табдил карда шавад. Худи Зокирова ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида буд.

Додраси додгоҳи вилояти Ҷамбул Нурмаҳаммад Обидов дар ҳукмаш 22-юми январ гуфт, ки Зокирва бояд аз зиндон озод ва бар ивази як соли ҳабс маблағи 56 ҳазор танга (муодили 135 доллар)-ро ҳамчун ҷарима пардохт кунад.

Зокирова моҳи июли соли гузашта бо қарори додгоҳи ноҳияи Медеуи шаҳри Алмаато барои озори духтари зане, ки ӯро дар як раҳпаймоии моҳи март таҳқир карда буд, ба як соли зиндон маҳкум шуда буд. Зокирова гуфт, ки ҳукми зидди ӯ беасос аст ва дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Зокирова як ширкатдор ва ташкилкунандаи фаъоли намоишҳои эътирозӣ бар зидди ҳукмҳои ноодилонаи додгоҳҳои Қазоқистон мебошад, ки дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон доир шудааст.

Моҳи марти соли 2019 мақомоти Алмаато ба ӯ иҷоза надоданд, ки анҷумани ҳизби наваш “Ҳуқуқи мо”-ро баргузор кунад. Поёни он сол ӯву ду фаъоли дигарро додгоҳе дар Алмаато барои паҳн кардани иттилои дурӯғин дар бораи ҳизби ҳокими “Нуротан” дар Интернет гунаҳкор кард. Онҳо ба пардохти 15 ҳазор доллар ҷарима ба манфиати ҳизби ҳоким вазифадор шуданд. Он замон ҳам Зокироваю тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номиданд.

Қатъномаи Парлумони Аврупо бо талаби бозбинии равобити ИА ва Русия

Парлумони Аврупо. Акс аз ҷаласаҳои пешин

Парлумони Аврупо қатъномаеро қабул кард, ки аз Иттиҳоди Аврупо хатми “билофосила”-и сохтмони лӯлаи гази “Северный поток-2”-ро тақозо мекунад. Ин лӯла барои интиқоли гази табиии Русия ба Олмон сохта мешавад, вале тасмими ахири мақомоти аврупоӣ дар посух ба ҳабси мунаққиди Кремлин Алексей Навалний рабт мегирад. Қонунгузорони аврупоӣ рӯзи 21-уми январ дар як овоздиҳӣ бо тарафдории 581 вакил ва 50 мухолифу 40 нафари ғоиб аз Иттиҳоди Аврупо тақозо карданд, ки “ҳамкориҳо бо Русияро дар бисёр самтҳо, аз ҷумла дар тарҳи сохтмони “Северный поток-2” ҷиддан бозбинӣ кунад”. Навалний, ки моҳи августи соли 2020 бар асари заҳролудшавӣ бо заҳри навъи низомии “Новичок” ба беморхонаи Берлин интиқол ёфт, баъди хатми давраи табобат 17-уми январ ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи “Шерметево” ҳамон замон боздошт карда, рӯзи баъдаш ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Мақомот гуфтанд, ки ҳабси Навалний ба нақзи шароити ҳабси шартии ӯ аз рӯи парвандаи соли 2014-и иттиҳоми фасод рабт мегирад, вале Навалний гуфтааст, ки қонунро вайрон накарда буд. Ба Навалний 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳабси ӯ маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

Чанд тасмими Байден барои муқобила бо коронавирус

Президент Ҷо Байден ва муовини президент Камола Ҳаррис стратегияи нави муқобила бо коронавирусро намоиш медиҳанд

Ҷо Байден 21-уми январ дар рӯзи аввали пурраи кориаш дар мақоми президенти нави ИМА чанд фармонеро имзо кард, ки бар асоси стратегияи нави кишвар алайҳи пандемия таҳия шудаанд. Фармонҳои ӯ ба суръат бахшидани барномаи эмкунии зидди COVID-19, афзоиши тестҳо ва пӯшидани ниқобҳо, ҷамъоварии бештари иттилоъ ва таҳлилу такмили сиёсати мубориза бо вирус бахшида шудааст. Ба ҳангоми сафар ба ИМА аз ҳар мусофир тести манфии COVID-19 ва ҳам дар карантин нишастан талаб мешавад. Байден инчунин аз сохторҳои давлатӣ тақозо кард, ки бар асоси Қонуни маҳсулоти дифоӣ, ки як санади марбут ба давраи ҷанг мебошад, ба истеҳсоли маводи зарурӣ дар ҳолати изтирорӣ машғул шаванд. Байден гуфт, “ин тадбирҳои марбут ба давраи ҷанг аст”. Ӯ гуфт, нақшаи онҳо аз роҳандозии як барномаи муассир ва амни эмкунӣ аст, то ки дар 100 рӯзи аввали кораш 100 миллион нафар тавонанд воксинаи зидди коронавирусро дарёфт кунанд. Дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп, Байден гуфт, ки муқобила бо коронавирус дар авлавияти кори ӯ қарор мегирад.

Байден гуфт, созишномаи "New START”-ро бо Русия имзо мекунад

Соли 2018. Русия системаи "Авангард"-ро озмоиш мекунад

Президент Ҷо Байден ният дорад пеш аз хатми мӯҳлати иҷрои созишномаи ҷории назорати силоҳҳои ҳастаӣ бо Русия қарордоди навро имзо кунад.

Созиши нав "New START” ном дорад ва қарордоди ҷорӣ 5-уми феврал ба поён мерасад. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 21 январ дар нишасти хабарие гуфт, “президент аз муддатҳо пеш гуфтааст, ки имзои созишномаи "New START” ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ИМА аст.

Тамдиди он дар шароите, ки равобит бо Русия ҳарчи бештар хусусияти рақобатӣ касб мекунад, аҳамияти зиёд дорад”.

Созишномаи "New START” як аҳдномаи миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи назорат аз силоҳҳои ҳастаӣ мебошад ва аз ҳарду тараф тақозо мекунад, ки истиқрори кулоҳакҳои ҳастӣ дар ҳудуди на бештар аз 1550 адад ва истиқрори системаҳои стратегии интиқоли онҳо то 700 адад риоя шавад.

Маъмурияти президенти пешин Доналд Трамп хост, ки дар талоши музокироти ниҳоӣ навъи дигари силоҳҳои ҳастаиро ҳам маҳдуд карда Чинро барои имзои ин созишнома водор кунад. Русия ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки барои тамдиди мӯҳлати ин созиш то панҷ соли дигар розӣ аст.

Ин мӯҳлат ба Вашингтон ва Маскав имкон медиҳад, ки созиши назорати силоҳҳоро бо шарту шурути дигар такмил бикунанд.

Хуруҷи Трамп аз ду аҳдномаи назорати силоҳ мавриди нигаронии муттафиқони аврупоии ИМА шуд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 21-уми январ аз Вашингтон ва Маскав тақозо кард, ки дигар тамдиди мӯҳлати ин санадро ба таъхир нагузошта имзо кунанд.

ДОИШ масъулияти ду таркиши пурқурбониро дар Бағдод ба дӯш гирифт

21-уми январ. Саҳнаи ду таркиши пурқурбонӣ дар бозоре воқеъ дар маркази шаҳри Бағдод

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ду бобмгузории маргборро дар бозори маркази шаҳри Бағдод ба дӯш гирифт, ки дар натиҷаи он 32 нафар кушта шуданд.

Дар ҳамлаи рӯзи 21-уми январ дар бозори майдони Таярони Бағдод 110 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

ДОИШ дар канали хабаргузориаш бо номи “Аъмоқ” дар Телеграм гуфт, ду бомбгузори маргталабаш худро дар бозор таркондаанд. Ҳамлаҳо дар замоне сурат гирифт, ки мардуми зиёде барои харид ба бозор омада буданд.

Вазорати умури дохилии Ироқ гуфт, бомбгузори аввал худро бемор вонамуд карда, мардумро ба сӯи худ кашида ва сипас бомби бо худ доштаашро тарконидааст.

Баъди ин таркиш вақте издиҳоми мардум барои кумак ба маҷруҳон шитофтаанд, бомбгузори дувум худро тарконидааст. Табибон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад.

HRW аз Русия хост, маъракаи зидди тарафдорони Навалний хотима ёбад

Рӯзи 18 январ, як рӯз баъди бозгашт аз Берлин, ки он ҷо аз заҳролудшавии моҳи август табобат мегирифт, Алексей Навалний бо ҳукми додгоҳи Химки ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд

Human Rights Watch (HRW) – созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ба интиқодҳои афзояндаи Русия ҳамроҳ шуд ва хост, ки, ба қавли ин созмон, мақомот маъракаи “ғайриқонунии” худ алайҳи мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний ва ҳамкоронашро хотима диҳанд. Рӯзи 21-уми январ дастикам панҷ шарики сиёсатмадори 44-сола ҳам боздошт шуданд. Мақомот шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабариро аз паҳн кардани хабари даъват ба баргузории намоиши эътирозии рӯзҳои истироҳат ҳушдор доданд. Аз рӯи пешбиниҳои мухолифон, рӯзи 23 январ дар даҳҳо шаҳри Русия ба нишони пуштибонӣ аз Навалний, ки рӯзи 17-уми январ баробари бозгашт аз Берлин ва муолиҷаи баъди заҳролудшавӣ дар моҳи август боздошту рӯзи дигараш ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд, раҳпаймоӣ мекунанд. Дар изҳороти HRW омадааст, ки “мақомоти Русия дар пешорӯи намоишҳои эътирозии 23 январ фаъолону донишҷӯёни ҳамраъй бо Алексей Навалнийро азият, таҳдид ва боздошт мекунанд”. Дар изҳороти созмон инчунин гуфта шудааст, ки мақомот ба шабакаҳои иҷтимоӣ амр доданд, ки тамоми навиштаҳо бо даъвати мардум ба тазоҳуротро бардоранд ва ба ширкатҳо таҳдид карданд, ки онҳоро бо ҷаримаҳои ҳангуфт муҷозот мекунанд. HRW мегӯяд, мардум барои эътирози сулҳомез аз роҳи баёни озоди андеша ва таҷаммӯи сулҳомез алайҳи ноадолатӣ, аз ҷумла дар қазияи Навалний ҳуқуқ дорад.

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақби "Истиқлол" қарордод имзо карданд

Тунели "Истиқлол".

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақб ё тунели "Истиқлол" қарордод имзо карданд. Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Эрон, ин қарордод 20-уми январ дар ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва раиси ширкати эронии "Фароб" Алӣ Вакилӣ, имзо шудааст.

Бар пояи ин қарордод, дар ин марҳила такмили системаи рӯшноӣ, насби дурбинҳо, ҳавокашҳо ва системаи зиддисӯхтор дар назар аст, ки барои эминии ҳаракат дар дохили нақб муҳим мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар маросими имзои ин қарор гуфтааст, ки бунёди ин тунел дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, вале ба сабабҳои мухталиф амалӣ нашуд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз он, ки Тоҷикистон бо Эрон қарордод имзо кард ва марҳилаи аввали бунёди ин туннел анҷом шуд, мушкили резиши об аз сақфи туннел пеш омад, ки он рафъ шуд ва ҳоло мардум аз он истифода мекунанд.

Дар хабарҳо роҷеъ ба будҷаи такмили марҳилаи дувуми ин тарҳ чизе гуфта нашудааст. Аммо дар тирамоҳи соли 2019 хабаргузориҳо навишта буданд, ки мақомоти тоҷик ва эронӣ ба мувофиқа расидаанд, ки бархе тарҳҳои ниматамоми Эрон дар Тоҷикистон, монанди туннели "Истиқлол" (Анзоб)-ро, ки насби таҷҳизоти он такмил нашудааст, бо ҳамкории якдигар ба итмом расонанд.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Аммо нақби мазкур солҳои тӯлонӣ як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт буд ва баъд аз тармиму таҷдиди тӯлонӣ дар соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд.

Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Айни замон ду тараф баъди робитаҳои сарди сесола, то андозае ба ҳам наздик шуданд.

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо фиристода шуд

Ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон.

Талант Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон фармони манъи салоҳиятҳои сарвазир ва ҳукуматро имзо кард.

Гуфта мешавад, баъди расман эълом кардани натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва пирӯз шудани Содир Ҷабборов дар ин интихобот, сарвазир аз мақом барканор шудааст.

Бо имзои фармон, ҳукумати амалкунанда ба истеъфо фиристодашуда эътироф мегардад, аммо то таъйини ҳукумати нав иҷрокунанда боқӣ мемонад.

6 октябри соли 2020 дар Қирғизистон гирдиҳамоии мардумӣ ташкил шуд ва дар ниҳоят ҳукуматро тағйир дод. Порлумон Содир Ҷабборовро сарвазир таъйин кард.

Ҷабборов баъдтар гуфт, ки дар интихоботи президентӣ номзад мешавад.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ рӯзи 10 январ баргузор ва Ҷабборов дар он пирӯз эълом шуд.

Раимбек Матраимов насаби худу ҳамсарашро тағйир дод

Раимбек Матраимов.

Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, Раимбек Матраимов, баъди он ки номаш барои ба эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии Амрико ворид карда шуд, насаби худ ва ҳамсарашро тағйир дод.

Сухангӯи Хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20-уми январ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова номи падарии худро иваз кардаанд.

Айни замон ӯ гуфт, ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар, ҳақ надорад, номи нави онҳоро фош кунад.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 15-уми январ додраси додгоҳи шаҳри Бишкек баррасии шикояти Матраимовро ба муқобили Бахши қирғизии Радиои Озодӣ (“Азаттик”), хабарнигор Алӣ Токтакунов ва вебсайти хабарии Kloop ба таъхир гузошт.

Додрас Ҷилдиз Иброҳимова он рӯз гуфт, Раимбек Матраимов фамилияи худро ба Исмоилов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова ба Сулаймонова иваз кардаанд. Додрас гуфт, мурофиаи додгоҳӣ баъди он идома меёбад, ки Матраимов ва ҳамсараш санадҳои расмиро дар бораи тағйири қонунии номашон пешкаш кунанд.

Дар оғози моҳи декабри соли гузашта Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки Матраимовро барои нақшаш дар фасоди азим ва сохтани нақшаи пулшӯӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳрим мекунад.

Дар изҳороти Вазорати молияи Амрико омадааст, Матраимов ва ширкаташ дар нақшаи 700-миллиондолларӣ даст дорад, ки аз роҳи ришвахории мақомот барои фирор аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ ва ҳам пулшӯӣ ба хотири даромадҳои ҳангуфт ҳосил шудааст. Таҳримҳои зидди Матраимов ба Қонуни Магнитский мувофиқат мекунанд. Ин қонун соли 2012 дар Амрико барои муҷозоти шахсоне қабул шудааст, ки даст ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва ё фасоди густарда мезананд.

Як таҳқиқоте, ки аз ҷониби журналистони Радиои Озодӣ, Тарҳи таҳқиқи ҷиноёти созмонёфта ва фасод ва вебсайти Kloop анҷом ва моҳи июни соли 2019 нашр шуд, нақши Матраимовро дар як фасоди калони молӣ фош кард.

Журналистон роҳҳои аз Қирғизистон бо кумаки Айеркен Сайматӣ, як тоҷири уйғуртабори чинӣ ба берун бурда шудани пулҳоро фош карданд. Сайматӣ моҳи ноябри соли 2019 дар Истанбул кушта шуд.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Он замон мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Матраимов розӣ шуд тахминан 2 миллиард сом (муодили 23,5 миллион доллар)-ро ҳамчун зиёни воридшуда ба давлат бипардозад ва 80 миллион сом (тахминан 1 миллион доллар) ба ҳисобҳои давлат бозпас диҳад.

Клара Сооронқулова, собиқ додраси Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон рӯзи 20-уми январ гуфт, бовар дорад, Матраимов ва ҳамсараш бо роҳи тағйир додани насаби худ мехоҳад, аз таҳримҳои ҷорикардаи Амрико фирор кунанд.

Сооронқулова гуфт, "ба бовари ман, баъди ворид шудани номи ӯ ба Қонуни Магнитский, бисёр дарҳо дар саросари ҷаҳон ба рӯи онҳо баста мешавад. Ҳоло барояшон мушкили зиёд мешавад, то ки дороиҳои худро ба номи худ нигаҳ доранд."

Худи хонаводаи Матраимов ё ҳуқуқшиносонашон дар заминаи тағйири ном кардани онҳо ҳеч шарҳ надодаанд.

Ҳалокати 15 нафар дар сӯхторе дар хонаи пиронсолони Украина

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон дар шаҳри Харкови Украина

Дар натиҷаи сӯхтор дар хонаи пиронсолони шаҳри Харков камаг 15 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Украина рӯзи 21-уми январ хабар дод, ки 9 бошандаи хонаи пиронсолон наҷот дода шуда, айни ҳол дар беморхона ҳастанд.

Ирина Венедиктова, додситони кулли Украина, гуфт, дар сӯхтор 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Венедиктова афзуд, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тибқи фарзияи пешакӣ “истифодаи нодурусти таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ” боиси сар задани сӯхтор шудааст.

Ба иттилои Хадамоти оташнишонӣ сӯхтор наздикиҳои соати 15:00 дар ошёнаи дуввуми бинои дуқабата сар задааст. Он замон дар дохили бино 33 нафар қарор доштаанд. Дар акси нашркардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Украина бинои тирезаи ошёнаи якумаш панҷарапӯш дида мешавад. Аз тирезаҳои ошёнаи дуввум дуд мебарояд.

Русия ба Амрико пешниҳод кард, созишномаи СНВ-3 панҷ соли дигар тамдид шавад

Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар оғози кори президент Ҷо Байден ба ҳукумати нави Амрико пешниҳод кард, ки созишномаи дуҷонибаи СНВ-3, дар бораи чораҳои коҳиш ва маҳдудсозии силоҳи стратегӣ, 5 соли дигар дароз карда шавад. Дар ин бора сомонаи РБК хабар медиҳад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 19-уми январ гуфтааст, агар Вашингтон дар мавриди ҳифзи созишномаи СНВ-3 иқдом кунад, Маскав аз он истиқбол хоҳад кард.

Энтонӣ Блинкен, номзади нав ба мақоми котиби давлатии Амрико рӯзи 19-уми январ гуфт, ҳукумати Байден талоши ҳифзи созишномаи СНВ-3-ро хоҳад кард.

Владимир Путин, президенти Русия соли гузашта аз Вашингтон хоста буд, ки бидуни ҳеч қайду шарте муҳлати созишнома барои як сол тамдид шавад. Коршиносон мегӯянд, бидуни ин созишнома байни ду кишвар пойгаи нави таслиҳотӣ шуруъ хоҳад шуд.

Созишномаи СНВ-3 соли 2010 байни ду кишвар имзо шуд ва муҳлаташ моҳи оянда ба поён мерасад. Ин созишнома теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаӣ, мушак ва бомбандозҳоро дар артиши ду кишвар маҳдуд мекунад.

Twitter саҳифаи сафорати Чинро дар Амрико баст

Шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифаи сафорати Чинро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз нашри матлабе, ки аз сиёсатҳои Чин дар Шинҷон ҳимоят мекард, бастааст. Қабл аз ин маъмурияти Доналд Трамп сиёсатҳои Пекинро дар ин минтақа нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ наслкушӣ ва ё генотсид номида буд.

Намояндаи расммии Twitter рӯзи 20-уми январ гуфт, "мо амалҳои зиддибашариро нисбат ба гуруҳе аз одамон бинобар динашон, синну сол, беморӣ, қавму нажод маҳкум мекунем.”

Дар як навишта дар саҳифаи сафорати Чин моҳе қабл гуфта мешуд, ки занони уйғур дигар "мошине барои тавлиди кӯдакон" нестанд. Ин навишта дар истинод ба матлаби нашрияи давлатии China Daily таҳия шуда буд.

Twitter ин навиштаро пок карда, ба ҷояш аксеро гузошт, ки дар он гуфта мешавад, ин матлаб дигар дастрас нахоҳад буд. Тwitter навиштаҳоеро, ки зидди сиёсатҳои худ медонад, ноаён мекунад ва ҳамчунон аз муаллифони он талаб мекунад, чунин навиштаҳоро довталабона пок кунанд.

Саҳифаи сафорати Чин дар Амрико навиштаро пок накард ва ҳамчунон аз 9-уми январ ба ин ҷониб матлабе ҳам нашр нанамуд.

Бино бар арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид, на кам аз 1 миллион уйғур ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар Шинҷон маҷбуран ба марказҳои бозтарбия бурда шудаанд. Пекин иддао дорад, ки ин марказҳои касбомӯзӣ аст ва ҳадаф дур нигоҳ доштани сокинон аз терроризм ва ҳамоиш бо ҷомеаи чинӣ мебошад.

Президенти нави Қирғизистон 28 январ савганд ёд мекунад

Содир Ҷабборов

Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 28-уми январ баргузор мешавад. Дар ин бора Галина Байтерек, котиби матбуотии Ҷабборов хабар дод.

Рӯзи 21-уми январ Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон Содир Ҷабборовро президенти мунтахаби кишвар эълом кард. Ба иттилои расмӣ, Ҷабборов дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 10-уми январ 79,2 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Баъзе аз рақибонаш натиҷаҳои интихоботро "дур аз воқеият" донистанд.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расида буд.

Расонаҳо: Майкл Пак аз раёсати USAGM истеъфо дод, вале онро "дилсардкунанда" номид

Майкл Пак.

Майкл Пак, раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико ё USAGM, чанд соат пас аз савгандёдкунии президент Ҷо Байден аз мақомаш истеъфо додааст.

"Вашингтон пост", Радиои умумимилии Амрико ва расонаҳои дигар гузориш доданд, ки Майкл Пак рӯзи чаҳоршанбе дар номае истеъфои худро эълон кард, аммо ин хабар ҳанӯз дар вебсайти ниҳоди зери раҳбарии ӯ ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Бо ин вуҷуд расонаҳои амрикоӣ матни истеъфономаеро, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, нашр кардаанд. Дар он ба дархости "дилсардкунанда"-и истеъфои ӯ аз сӯи ҳукумати Амрико ишора шудааст.

Пак дар номааш навиштааст, "дархости истеъфои ман дилсардкунанда аст" ва дар идома гуфтааст, ин мавзуъ барои муддатҳо ҳамчун иқдоме ҳизбӣ арзёбӣ хоҳад шуд ва ба ниҳоде, ки қарор аст дар хизмати мардуми Амрико ва манфиатҳои миллӣ бошад, зарба мезанад".

Ҳадаф ва маъмурияти Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико, нашри хабарҳои бетарафона дар ҳимоят аз озодӣ ва демократия дар берун аз Иёлоти Муттаҳида аст.

Бо ин вуҷуд, ҳузури кӯтоҳмуддати Майкл Пак дар раҳбарии ин созмон иттиҳомотеро ба зидди ӯ барангехт. Майкл Пак дар соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп барои раҳбарии Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико пешниҳод шуд, аммо таъйиди ӯ дар Сенат то моҳи июни соли гузашта ба таъхир афтод.

Ҳудуди даҳ рӯз қабл панҷ мудири собиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико хоста буданд, баъди нишастан ба курсии раиси ҷумҳур, ба ҷойи Майкл Пак, раиси Созмони расонаҳои ҷаҳонии Амрико каси дигареро таъйин кунад.

Дар номаи муштараки онҳо ба унвони Ҷо Байден, аз ӯ тақозо шуда буд, ки бо андешидани тадобири дигар “тамомияту дурустӣ”-и расонаҳои байналмилалии Амрикоро, ки давлат маблағгузорӣ мекунад, муҳофизат намояд.

Дар номае, ки рӯзи 8-уми январ фиристодаанд, мудирони собиқи Радиои Озодӣ гуфтаанд, амалкардҳои шахсӣ ва сиёсии Майкл Пак "барои бор кардани ранги идеологӣ дар барномаҳо ва таҳти назорати сахти ҳукуматӣ қарор додани расонаҳои байналмилалии Амрико равона шудааст ва эътибору самараи онҳоро зери хатар мегузорад.”

Тими интиқолии Ҷо Байден қаблан эълом карда буд, ки иқдомоти Майкл Пакро бозбинӣ мекунад ва ба имкони барканории ӯ ишора карда буданд.

Оҷонси суханпарокании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё USAGM, радиову телевизиони Садои Амрико, Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва чанде дигар аз расонаҳои Амрикоро зери назар дорад, ки барои кишварҳои орӣ аз матбуоти озод барнома нашр мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG