Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хост, ки ба мушкили ҳуқуқи башар дар кишвараш таваҷҷуҳ кунад. Бенита Ферреро Волднер – узви раёсати Иттиҳодияи Аврупо изҳор кард, ки "Ашқобод ба хотири эҳёи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва имзои созишномаҳои тиҷоратӣ бо ин Иттиҳодия бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад".
Ба иттилоъи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ваё Ҳуман Райтс Вотч, айни ҳол садҳо мухолифини туркман бандии зиндонанд ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Туркманистон шадидан поймол мешаванд. Теъдоди зиёди дигарандешони туркман дар пайи таъқиби мақомоти кишвар маҷбур шуданд дар кишварҳои Аврупо панаҳ баранд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - раисиҷумҳури Туркманистон имрӯз дар чаҳорчӯби нахустин сафари расмияш ба Брюссел бо раиси Комиссиюни Аврупо Ҳозе Мануэл Баррозо ва дигар мақомоти Иттиҳодияи Аврупо музокирот анҷом дод.