Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раҳбари Туркманистон ба Бруссел


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз бо сафари расмии дурӯза вориди Бруссел мешавад. Тибқи барнома, дар ин ҷо вай бо намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва Паймони Атлантики шимолӣ ё НАТО ва инчунин бо раҳбарони ширкатҳои бузурги аврупоӣ мулоқот хоҳад кард. Мақомоти туркман мегӯянд, президент Бердимуҳаммадов дар ин сафар "марҳилаи комилан нави рушди равобити Туркманистон ва кишварҳои Аврупоро" муаррифӣ хоҳад кард. Гуфтушунидҳо дар Бруссел ба риштаҳои инержӣ, кишоварзӣ ва омӯзишу парвариш тамаркуз хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG