Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронбаҳотарин ширкати ҷаҳон маълум шуд


Ширкати чиноии "Петрочайна" аз рӯи арзишаш дар бозор -- 1 триллион доллари амрикоӣ, ба гаронбаҳотарин ширкати ҷаҳон табдил ёфт. Фурӯши нахустин нашри саҳмияҳои он дар биржаи Шонгҳой бо суръат боло рафт. Саҳмияҳои ин бузургтарин тавлидгари нафту газ дар Осиё аллакай дар биржаҳои Ҳонг Конг ва Ню Йорк ба фурӯш мерафтанд, аммо аз лиҳози даромад, "Петрочайна" натавонистааст, ба сафи 50 ширкати дасти аввал шомил шавад. Ба ин сабаб афзоиши арзиши молии ширкат ва куллан рушди босуботи саҳмияҳои Чин зери шубҳа қарор дорад.

XS
SM
MD
LG