Полиси Покистон дар чанд шаҳр бар зидди тазоҳуркунандагон аз калтак ва гази ашковар истифода кард. Дар ин раҳпаймоиҳои зидди ҷорӣ шудани вазъияти фавқулодда, ки асосан вакилони ҳуқуқ ширкат доштаанд, чандин нафар захмӣ ва даҳҳо тан боздошт шудаанд. Президенти Покистон Парвиз Мушарраф рӯзи шанбе дар сартосари кишвараш вазъияти фавқулодда эълон кард ва мегӯяд, ин бӯҳронро хушунати ситезаҷӯён ва саркашии мақомоти адлия ба вуҷуд овардаанд. Мухолифони ӯ мегӯянд, Мушарраф барои он вазъияти фавқулодда эълон кард, то аз ҳукми додгоҳ, ки қонунмандии ширкат ва пирӯзии ӯро дар интихоботи моҳи октябр таҳқиқ мекард, пешгирӣ намояд.