Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон вазъи фавқуллода эълон шуд


Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури Покистон дар ин кишвар вазъи фавқуллода эълом кардааст, то ба гуфтаи ӯ дар баробари "кашокашҳои ҷиддии дохилӣ" ваҳдати миллӣ дар кишварашро ҳифз кунад.

Ҳампаймони калидии Покистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин иқдоми Парвиз Мушаррафро маҳкум кард. Вале вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки дар вокуниш ба ин иқдом кӯмакҳои низомӣ ба Покистонро мутаввақиф нахоҳад кард.

Парвиз Мушарраф ҳангоми суханронии телевизионӣ гуфт, вазъи фавқуллодаро бинобар афзоиши терроризм ва тундравии исломӣ ва фалаҷ шудани фаъолияти ҳукумат аз дахолати низоми додгоҳӣ, эълом кард.

Раиси ҷумҳур Мушарраф афзуд: "Ман шахсан бо эътимоди комил ва тамоми далелҳои мавҷуд беамалӣ дар ин лаҳзаро худкушӣ барои Покистон медонам ва наметавонам иҷоза диҳад, то ин кишвар худкушӣ кунад."

Пас аз эъломи худ, Парвиз Мушарраф раиси Девони Олӣ Ифтихор Чоудриро аз мақомаш барканор кард, ки қарор буд, ӯ дар мавриди қонунӣ будани интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи октябр ҳукм кунад.

XS
SM
MD
LG