Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 70 ҷангҷӯй дар Покистон


Имрӯз артиши Покистон иттилоъ дод, ки бар асари бархӯрдҳои дурӯза дар шимолу ғарби ин кишвар наздик ба 70 ҷангҷӯй кушта шудаанд. Дар амалиёт сарбозонро чархболҳо дастгирӣ намуданд.

Ҳафтаи гузашта бо ҳадафи муқовимат ба ҳаводорони як рӯҳонии тундгаро, ки мехоҳанд дар водии Свот шариати исломиро ҷорӣ намоянд, Покистон тахминан 2500 афсару сарбозашро ба минтақа интиқол дод.

Ҳафтаи равон баъди марги даҳҳо ҷангҷӯй, афсари амниятӣ ва мардуми осоишта ҷонибҳо ба оташбас мувофиқат карданд. Рӯзи чоршанбе оташбас фурӯ рехт.

XS
SM
MD
LG