Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 ҷангии Толибон дар муҳосира мондаанд


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки нирӯҳои амрикоиву канадаӣ дар як вулусволии наздики шаҳри ҷанубии Қандаҳор ҳудудан 250 ҷангии Толибонро муҳосира кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки дар ҷараёни даргирии серӯзае, ки барои назорат аз болои вулусволии Арғандоб сар зад, ҳудудан 50 размандаи Толибон, се полис ва як сарбози артиши Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Шоҳидон гуфтанд, ки садҳо сокинони рустоҳои маҳаллӣ макони зисти худро тарк мекунанд. Ҷангиёни Толибон ҳафтаи гузашта баъди ҳалокати як раҳбари бонуфузи қабилаӣ вориди вулусволии Арғандоб шуданд.

XS
SM
MD
LG