Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони нахустин тавассути пули нав


Нахустин корвони мошинҳои боркаш бо 300 тонна моли тоҷирон тавассути пули нави миёни Тоҷикистон ва Афғонистон убур намудааст. Дар ин бора хабаргузории «Бохтар»-и Афғонистон иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир пул барои истифода кушода шудааст ва соҳибкорону тоҷирони ду кишвар метавонанд амволи худро рӯзона аз соати 9.00 то 16.00 тавассути он интиқол бидиҳанд.

«Пули Дустӣ» миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки 800 метр дарозӣ дорад, бо кӯмаки молии Амрико сохта шудааст. Ба қавли коршиносон, ифтитоҳи ин пул қадами муҳиме дар рушди иқтисодиёти ду кишвар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG