Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон суръатро маҳдуд намекунад


Кантслери Олмон хонум Ангела Меркел маҳдуд намудани суръати ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ин кишварро аз эҳтимол дур медонад. Ин тарҳро ҳизби сотсиал-демократ, муттафиқи ҳизби Меркел дар эътилофи ҳокими Олмон, пешниҳод карда буд. Аснои суханронӣ ба воситаи телевизиони Олмон Меркел гуфт, низоми феълӣ, ки маҳдудсозии суръат фақат дар гардишҳои роҳҳои мошингардро пешбинӣ мекунад, беҳтарин имкони кафолати амният аст. Ӯ илова кард, таҷаммӯи мошинҳо ба мисли ҳаракати босуръат ба муҳити зист зарар мерасонад.

XS
SM
MD
LG