Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии туркҳои Австрия зидди ситезаҷуёни курд


Пулиси Австрия мегуяд, дируз тақрибан ҳазор нафар дар шаҳри Залсбург бар зидди ситезаҷуёни курд, ки ҳоло пойгоҳҳои онҳо дар шимоли Ироқ боъиси танишҳои рузафзуни байналмиллалӣ шудааст, даст ба тазоҳуроти сулҳомез занданд. Бино ба иттилоъи ҷамъияти туркҳо дар шаҳри Залсбурги Австрия, ҳудуди 3 ҳазору 500 нафар дар хиёбони марказии ин шаҳр раҳпаймоӣ кардаанд. Дар Австрия ё Утриш 200 ҳазор турк ба сар мебаранд, ки тақрибан чаҳоряки аҳолии хориҷии ин кишварро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG