Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Изҳороти нав дар бораи барномаи ҳастаии Эрон

Муҳаммад Ал-Барадеӣ, раиси Бунгоҳи байналмиллалии нируи ҳастаӣ мегуяд, вай далеле дар даст надорад, ки Эрон ба таври фаъол дар ҳоли эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ бошад. Дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Си Эн Эн-и Амрико гуфт, ки вай ҳоли ҳозир хабаре дар даст надорад, ки Эрон барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ барномаи мушаххасе дошта бошад. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки маҳофили байналмиллалӣ бояд аз руёруиҳои лафзӣ худдорӣ кунанд ва аз роҳҳои дипломатӣ вориди ҳалли буҳрони ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон шаванд. 25-уми октябр Вошингтон бар зидди 20 ширкати эронӣ таҳрим эълон кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Ҷавонони тоҷики Узбекистон метавонанд бо забони тоҷикӣ имтиҳон супоранд"

Ноҳияи Сух дар водии Фарғона дар Узбекистон

Ҷавонони тоҷики довталаб аз вилояти Сухи Узбекистон имкон пайдо карданд, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар бо забони модарии худ, яъне тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ супоранд.

Рӯзи 3 уми июн дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Сух, ки таҳти раёсати сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов сурат гирифтааст, масъалаи ба забони тоҷикӣ имтиҳон супоридани ҷавонони Сух таъкид шудааст.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Сух дар сомонааш рӯзи 3 июн зикр кардааст, Абдулло Орипов дар ин ҷаласа зикр кардааст, ки бинобар норасоии кадрҳои дорои маълумоти олӣ президенти ин кишвар барои ҷавонони Сух 500 квота ҷудо хоҳад кард, ки онҳо метавонанд дар донишгоҳҳои дилхоҳи худ таҳсил кунанд.

Ин манбаъ мегуяд, Абдулло Орифов сарвазири Узбекистон дар ҳузури намояндагони ноҳия гуфтааст, ки акнун ҷавонони сухӣ метавонанад, дар донишгоҳҳо бо забони модарии худ имтиҳони дохилшавиро бисупоранд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи беҳбуд бахшидани вазъи таълиму парвариш дар мактабҳои Сух ва бунёди мактабҳои нав таъкид шудааст.

То кунун дар Узбекистон дар чаҳор факултаи забон ва адабиёт дар Самарқанд, Бухоро, Тирмиз ва Фарғона ба забони тоҷикӣ имтиҳон супурда мешуд.

Боздошти ронандаи раиси шаҳри Кӯлоб

Як бинои маъмурии шаҳри Кӯлоб

Мақомот тафтишотӣ мегӯянд, Хурсандмурод Хуррамов, ронандаи раиси шаҳри Кулоб “бо гумони қаллобӣ барои фурӯхтани қитъаи замин” боздошт шудааст.

Чаҳор нафари дигар низ дар шарикӣ бо ӯ гумонбар дониста мешаванд.

Як манбаъ аз Додситонии вилояти Хатлон рузи 6 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаи раиси шаҳри Кулоб нимаи дуввуми рӯзи 29 май дар дохили мошин ҳангоми гирифтани пул аз як сокини Кулоб, ки аз ӯ барои бехатариаш “АМ” ном мебаранд, боздошт шуд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, агар тафтишоти пешакӣ кирдорҳои ҷиноятиро пурра собит кунад, дар нисбат ба Хурсандмурод Хуррамов бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ парванда боз хоҳад шуд.

Ин манбаъ мегуяд, Хурсандмурод бо маслиҳати пешакӣ ба як сокини Кулоб ваъда додаст, ки қитъаи заминро мефурӯшад ва барои ин аз шаҳрванд пора талаб кардааст. Ин қитъаи замин дар ҷамоати Кулоб, деҳаи Лағмон (собиқ Шаталов) ҷой доштааст.

Гуфта мешавад, дар ин парванда номи чаҳор масъули дигари ҳукумати шаҳри Кулоб низ ҳаст, вале ба хотири халал наёфтан ба раванди тафтишот ному насаби онҳо зикр карда намешавад.

Як манбаъи наздик ба тафтишот гуфт, номи раиси шаҳр Баҳром Иноятзода низ дар ин қазия ҷой дорад ва даст доштани уро ба қаллобӣ тафтишот маълум хоҳад кард.

Тавре мақомоти тафтишотӣ мегуянд, Хурсандмурод Хуррамов дар боздошт нест, вале то анҷоми тафтишот ҳаққи аз шаҳри Кулоб берун рафтанро надорад.

Чаҳор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба Ҳинд бо COVID-19 баргаштаанд

Расонаҳои Ҳиндустон хабар доданд, ки панҷ нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки ахиран аз Тоҷикистон баргаштаанд, мубталои коронавируси нав будаанд.

Ба навиштаи The New Indian Express, бемор будани ин афрод дар рӯзҳои 4 ва 5 июн дар фурудгоҳҳо ошкор шудааст. Вале гуфта намешавад, онҳо бо парвози мустақим аз Тоҷикистон омадаанд ё дар роҳ бо афроди бемор дар тамос будаанд. Расонаи дигари ҳинду навиштааст, ки онҳо донишҷӯёни риштаи тиб буда, дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва 27 май ба кишвари худ баргаштаанд. Ба қавли ин манбаъҳо ин афрод ҳамроҳ ба 12 ҳазор нафари гирифтори COVID-19 дар Ҳиндустон таҳти карантин қарор гирифтаанд.

Вираҷ Сингҳ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар Тоҷикистон 1500 шаҳрванди Ҳинд зиндагӣ мекунанд ва тақрибан 1300 нафарашон донишҷӯянд. Пештар расонаҳои Русия асосан вуруди вируси навро аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд хабар медоданд ва мегуфтанд, беморӣ аз онҳо ба даҳҳо нафари дигар сироят кардааст. Аммо далели дақиқи чунин ҳолат оварда намешуд.

Қирғизистон шартҳои узвият дар Иттиҳоди Авруосиёро бозбинӣ мекунад

Парчами кишварҳо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)

Раиси кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба буҷа ва молия Эмил Токтошев дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, ҳуқуқи кишвараш дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) бозбинӣ шавад. Зеро ба гуфтаи вай, Бишкек бартарии иқтисодии узвият дар ИИАО-ро эҳсос намекунад.

Ба гуфтаи Токтошев, ба ин масъала вазъи мавҷуда дар марз бо Қазоқистон метавонад асос шавад, ки навбатпоиҳои тӯлонии мошинҳои боркашро аз тарафи Қирғизистон дар пай дорад.

Қирғизистон 12 августи соли 2015 шомили ИИАО шуд. Узвият дар иттиҳод интиқоли озоди мол, хидматрасонӣ, сармоя ва нерӯи кориро миёни кишварҳои узв пешбинӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон низ узви иттиҳоданд. Вале Қирғизистон аз аввали рӯзҳои узв буданаш дар иттиҳод ҳангоми интиқоли мол тавассути Қазоқистон бо мушкил рӯбарӯ аст.

Муовини сарвазири Қирғизистон Эркин Асрандиев 4 июн гуфт, вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон хилофи созиши кишварҳои ҳампаймон аст.

Ӯзбекистон боз кардани масҷидҳоро то ба 8 июн ба таъхир гузошт

Дар Ӯзбекистон аз 8 июн дари масҷидҳое боз мешавад, ки дар минтақаи "сабз" ҷойгиранд. Дар ин бора дар изҳороти Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ гуфта шудааст.

Пештар комиссияи давлатии ин кишвар хабар дода буд, ки дари масҷиду иттиҳодияҳои дигари динӣ дар минтақаҳои "сабз" аз 5 июн боз карда мешавад.

Бар асоси изҳороти ахири комиссия, аз 5 то 8 июн барои таъмини бехатарӣ дар масҷиду калисоҳо ва аз сар гирифтани фаъолияташон як қатор чораҳо андешида хоҳад шуд. Ин чораҳо ба риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ равона шуда, аз ҷумла, безараргардонӣ, аломатҳои ишоратӣ барои риояи фосилаи ҷисмонӣ на камтар аз 1,5 - 2 метр ва ташкили давраҳои омӯзишӣ барои кормандони иттиҳодияҳои диниро дар бармегирад.

Дар Ӯзбекистон аз 8 май минтақаҳо бо назардошти паҳн шудани коронавирус бо рангҳо табақабандӣ шудаанд. Минтақаи аз ҳама хатарнок "сурх" ва минтақаи озод аз вирус "сабз" номида мешаванд.

Дар Туркманистон раванди қайди маъюбӣ мушкилтар шуд

Марди маълул дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон

Комиссияҳои муассисаҳои тиббии вилояти Лебапи Туркманистон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки қайди сокинон барои маъюбиро коҳиш диҳанд. Муҳлати табобате, ки баъди он бемор ҳамчун маълул қайд мешаванд, аз 5 то ба 10 сол боло бурда шудааст.

Ба гуфтаи табибон ва беморон, шаҳрвандон то ба ҳол низ маҷбур буданд, барои муайян кардани маъюбияшон дар беморхонаҳои вилоят худро ба қайд гирифта, давоми 5 сол ҳар шаш моҳ табобат гиранд. Танҳо баъд аз ин бемор ҳамчун маъюб эътироф шуда, ҳаққи дарёфти кумакпулӣ аз ҷониби давлатро пайдо мекунад.

"Ҳоло акнун бемор барои дарёфти ин ҳақ бояд 10 сол табобати фосилавӣ бигирад. Комиссия баъдан дараҷаи маълулии ӯро муайян карда, расман ба қайд мегирад", - гуфт як табиби беморхонаи вилоятии Лебап.

Як сокини Лебап, ки аз дарди қалб ранҷ мебарад, гуфт, 5 сол мешавад, дар ду моҳ як бор табобат мегирад ва ҳоло комиссия дархости вайро барои ҳамчун маъюб ба қайд гирифтан рад кардааст.

Дар Туркманистон ҳаҷми ҳадди ақали кумакпулии давлатӣ аз 1 январи соли 2020 ба ин сӯ 322 манат (91 доллар бо қурби расмӣ) муайян шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ Кохи сафедро ба нақзи ҳуқуқи тазоҳургарон айбдор карданд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар гулгашти Кохи Сафед, 1 июни соли 2020

Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико (ACLU) - яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи ИМА рӯзи чоршанбе зидди маъмурияти президент Доналд Трамп даъво бурда, онро ба поймол кардани ҳаққи конститутсионии амрикоиҳо ба ташкили ҷамъомад айбдор кард.

Ба иттилои хабаргузории Associated Press, пулис тазоҳуроти осоиштаи майдони Лафайетро дар наздикии Кохи сафед ғайриқонунӣ танҳо барои он пароканда кард, ки президент барои рафтан ба калисо аз он гузарад. Дар шикояти иттиҳод омадааст, президент Трамп, додситони кул Барр ва мансабдорони дигар бо мақсади нақз кардани ҳуқуқи эътирозгарон "созиши ғайриқонунӣ кардаанд".

Трамп 1 июн дар назди калисое акс гирифт, ки як рӯз пеш аз сӯи эътирозгарон отш зада шуда буд. Ин амали ӯ баҳсҳои тундеро дар расонаҳо ба вуҷуд оварда, ҳамчун худнамоишдиҳӣ номида шуд. Додситони кул Барр гуфт, ба хотири эҷоди минтақаи иловагии амн дар атрофи Кохи сафед тазоҳургарони майдонро пароканда карданд.

Ҳалокати марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойди 46-сола ҳангоми боздошт аз тарафи пулис дар Миннеаполис боиси сар задани бетартибӣ ва тазоҳурот дар саросари ИМА шуд. Тасмими президент Трамп барои сафарбар кардани артиш ба барқарории тартибот низ интиқодҳои тундеро дар пай дошт.

Як фармондеҳ бо ду сарбоз дар Бадахшони Афғонистон кушта шуданд

Бадахшони Афғонистон

Дар натиҷаи таркиши мина дар Бадахшони Афғонистон як фармондеҳ ва ду сарбоз кушта шудааст.

Саноулло Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон рӯзи 6-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш соати яки шаб рӯх додааст.

“Мутаасифона қумондон Мазорӣ, ки як фармондеҳи маҳалӣ дар Хоши Бадахшон буданд, ҳангоми сафар ба минтақаи дигар барои кӯмак ба ҳамкоронаш ба минаи сари роҳ бармехӯранд”,-гуфт ӯ.

Дар минтақаи Хош нерӯҳои ҳукумати бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон даргир ҳастанд.

Сухангӯи пулиси Бадахшон гуфт, ки дар задухурди охирин Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ, раиси номниҳодаи ин гурӯҳ дар Хош бо ду муҳофизаш кушта шудааст.

Гурӯҳи Толибон то ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд.

Наздики 60 шаҳрванди Тоҷикистон аз Амрико ба ватан баргаштанд

Донишҷӯёни тоҷике, ки 3 май аз Амрико баргашта буданд

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки наздики 60 шаҳрванди Тоҷикистонро барои бозгашт ба ватан кӯмак кардааст.

Ин хабар рӯзи 6-уми июн дар саҳифаи Фейсбукии сафорати ИМА дар Тоҷикистон нашр шуд.

Онҳо аксаран донишҷӯёни барномаҳои "Флекс" ва "Фулбрайт" будаанд, ки дар як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ аз Амрико ба Душанбе расиданд.

Сафорати ИМА дар саҳифаи фейсбукиаш ба кормандони фурудгоҳи Душанбе барои мусоидат дар роҳандозии ин парвоз сипосгузорӣ кардааст.

“Тавассути ҳамкориҳои давомдор, якҷоя мо ин бӯҳронро пушти сар мекунем!”,-навишта шудааст, дар хабарномаи сафорат.

Аз ин пеш низ, рӯзи 3-уми май, беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд.
Ин парвоз дар ҳоле анҷом мегирад, ки парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март инҷониб қатъ шудааст.

Вазорати адлия маҳдудиятҳо дар Русияро қонунӣ донист

Марде дар Русия иҷозатномаи ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар Маскавро нишон медиҳад

Вазорати адлияи Русия ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар замони пандемияи коронавирусро дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Маскав қонунӣ донист.

Михаил Мишустин, сарвазири Русия аз Вазорати адлия хоста буд, ки ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо баҳои қонунӣ диҳанд.

Вазорати адлияи Русия гуфтааст, ки тадбирҳо дар пасманзари таҳдиди хатари сирояти коронавирус дар Русия ба меъёрҳои конститутсионӣ ҷавобгӯ буд.

Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо ба хотири ҳифзи саломатии сокинон пешбинӣ шуда, манзур дахолат ба зиндагии шахсии онҳо набуд.

Дар моҳи март ҳукумати Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳн шудани коронавирус як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ кард. Аз ҷумла, сокинонро маҷбур ба хонашинӣ кард ва дар Маскав бе иҷозати махсус равуоро маҳдуд намуд. Ҳоло маҳдудиятҳо пайи ҳам бекор мешаванд.

Дар охири моҳи апрел додгоҳи Маскав 6 аризаи даъвоӣ бар зиддӣ шаҳрдори Маскавро рад кард. Аризадиҳандагон даъво доштанд, ки шаҳрдори Маскав бо ҷорӣ кардани маҳдудяитҳо ҳақи онҳоро поймол карда, ба зиндагии хусусиашон дахолат кардааст ва бояд ба онҳо ҷуброн пардозанд.

Ду ҳавопаймо аз Кувайт ёриҳои тиббӣ ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро овард. ВИДЕО

Шоми 5 июн ду ҳавопаймо аз Кувайт ба фурудгоҳи Душанбе ёриҳои тиббии “мардуми Кувайт” ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро овард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ин 12 шаҳрванд, ки дар Кувайт кору зиндагӣ мекарданд, ба ватан баргашта, акнун мувофиқи талаботи муқаррароти давраи пандемия ба карантин фиристода мешаванд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар маҷмуъ ин ду ҳавопаймо зиёда аз 27 тонна бор, аз ҷумла, дастгоҳҳои рентген, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи томографӣ ва васоили дигарро овардааст. Ин ёриҳо бо ташаббуси “як соҳибкори сарватманди кувайтӣ ба табибони тоҷик” аст ва қарор аст дар ояндаи наздик ҳам боз қисми дигари он ворид шавад.

Муҳсин Раҳимӣ, хабарнигоре аз Кувайт ба Радиои Озодӣ рӯзи 5 июн гуфт: “Ин кӯмакҳо бо ҳимояти сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ва васодати Фуод Қоним, як мақомдори ҳукумат анҷом шуд. Ҳоло як бахши ин кумакҳоро ирсол карданд. 27 тонна кӯмакҳои мардумӣ аст ва 38 ҳазор баста либос барои пизишкон. Васоили пизишкие, ки марбут ба коронавирус аст, он чизҳое, ки таҳияаш дар Тоҷикистон маҳдуд аст, ирсол карданд”.

Дар маҷмӯъ дар замони пандемияи коронавирус аз Кувайт ба Тоҷикистон ду дафъа кумак ирсол шудааст. Кумаки аввал аз либоси ҳифозатӣ барои табибон иборат буд, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон расид.

Омори расмӣ: 81 нафари дигар бемор шуд, талафот нест. Инфографика

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 81 мавриди нави гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Ба иттилои ин ниҳод давоми 24 соати ахир дар кишвар ҳеч кас аз COVID-19 нафавтидааст.

Тибқи омори мақомоти тоҷик, то имрӯз коронавирус ба 4370 нафар сироят карда, 2491 ё 57 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир 48 нафар фавтидаанд.

Аммо аз оғоз то имрӯз шубҳаву гумонҳо ба омори нашркардаи мақомот зиёд аст. Бархе мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, омори воқеии гирифторӣ ва маргумир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бештар аз рақамҳои нашркардаи мақомот аст.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи 410 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот ин феҳрастро эътироф намекунанд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Тайи як ҳафтаи ахир мақомот аз кам шудани гирифторӣ ба бемории COVID-19 хабар медиҳанд, аммо ҳамзамон ба сокинон ҳушдор додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд. Ба таъкиди мақомот, аҳолӣ бе ниқобҳои муҳофизатӣ бояд аз хона набароянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи байниҳамдигарро риоя кунанд ва бидуни зарурат ба Душанбе сафар накунанд. Вагарна ба таъкиди мақомот сар задани мавҷи дуюми беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Кӯмаки ИА ба офатзадаҳои Бохтару Хуросон: аз асбоби маишӣ то як миқдор пул

Акс аз вебсайти https://eeas.europa.eu/

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5 июн гуфт, ки ба сокинони осебдида аз обхезиҳои шадиди ахир дар ҷануби Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ тақдим кардааст. Кӯмакҳо дар ҳаҷми 80 ҳазор евро ба 1700 сокини осебдида дар ноҳияҳои Бохтар ва Хуросони вилояти Хатлон расонида мешавад. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки кӯмакҳо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба шакли “ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ” тақдим шуд. Инчунин ба оилаҳое, ки “хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад”.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, маблағгузорӣ қисман саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар рӯзҳои 14-16 май боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 2600 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки бештари онҳо пурра хароб шуданд.

Facebook ҳувияти матбуоти давлатии Русия, Чин ва Эронро ишора мекунад

Фейсбук як шабакаи маъруфи иҷтимоӣ аст, ки аз он дар баробари корбарони оддӣ матбуоти мухталиф ҳам дар таблиғи кораш истифода мекунад

Facebook гуфт, ки ишораи давлатӣ будани расонаҳои хабарии мисли “Спутник”-и Русия, Press TV-и Эрон ё Xinjiang News-и Чин шурӯъ кардааст, то ки, ба гуфтааш, маълум шавад, ки маводи нашркардаи онҳо ҳамчун матолиби давлатӣ хонда шавад. Дар бораи ин нақшааш шабакаи иҷтимоӣ ҳанӯз моҳи октябри порсол эълон карда буд, вале амалан аз 4 июн ба иҷрои ин тасмимаш шурӯъ кардааст.

Facebook гуфт, ки чунин тасмим бо ҳадафи шаффофият дар кори ин ноширон карда мешавад, то ки таҳти стратегияи давлатӣ пешкаш шудани маводи нашаротии онҳо барои корбарони шабакаҳо аён шавад. Дар оғоз 200 саҳифаи матбуоти мухталиф дар ин шабака бо чунин ишора фаро гирифта мешаванд. Масалан, дар бахши “Шаффофияти саҳифа”-и “Спутник” омадааст: “Ношир қисман ваё пурра таҳти назорати таҳририяи давлатӣ қарор дорад”.

Натаниел Глейчер, мудири масоили амнияти интернетии Facebook дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфтааст, бо сабаби дар сиёсати таҳририя мустақил будани расонаҳои давлатии амрикоӣ чунин тасмим дар нисбати матбуоти хабаррасони воқеъ дар ИМА татбиқ намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳибкорон ва аҳолӣ сабукиҳо дод

Президент Раҳмон дар маросими боз шудани коллеҷи тиббии Бохтар, 28 майи соли 2020

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва ҳам аҳолӣ сабукӣ дод.

Аз ҷумла иншооти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, панҷ моҳи оянда аз андоз озод шуданд. Ҳаҷми андоз аз пасандозҳои аҳолӣ барои ним соли оянда аз 12 ба 6 дарсад поин омад ва нақшаи боло бурдани нархи обу барқ, алоқа ва хадамоти коммуналӣ то охири сол ба таъхир гузошта шуд. Корхонаҳо ҳамчунин баро дер пардохтан\ми андоз ҷарима нахоҳанд шуд.

Ҳамчунин аҳолии кишвар аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 аз андози моликияти ғайриманқул озод гашта, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, дорувор ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод хоҳад буд.

Қарори додани сабукӣ баъд аз ду моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон, гаронии хадамот ва дарсадҳои бонкӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

Дар остонаи интихоботи президентӣ Лукашенка нахуствазири навро муаррифӣ кард

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва интизор меравад, ки дар интихоботи 9 август пирӯз эълон мешавад

Ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Беларус, Аляксандр Лукашенка собиқ масъули умури саноати дифоии кишварро ба ҳайси нахуствазири нави ин кишвар муаррифӣ кард. Роман Головченко 46 сол дошта дар гузашта дар вазифаҳои дипломатӣ кор кардааст, раиси кумитаи давлатии саноати низомӣ буд. Ду рӯз пеш Лукашенка аъзои ҳукумат ба раҳбарии Сергей Румасро баъди ду соли кор ба истеъфо фиристод. Таъини шахсе бо собиқаи кор дар бахши низомиро бархе ҳамчун талоши Лукашенкаи 65-сола барои мустаҳкамтар кардани қудрат дар оянда арзёбӣ мекунанд. Бовар меравад, ки ӯ дар интихоботи навбатӣ бори шашум пирӯз эълон мешавад. Лукашенкаро дар Ғарб ҳамчун “диктатори охирин дар Аврупо” ёд мекунанд, чун ӯ бо таҳаммули бисёр камаш нисбати мунаққидон, матбуоти озод ва мухолифон маъруф аст. То ҳол ҳеҷ як интихоботи президентӣ дар Беларус баъди соли 1994 ҳамчун ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи озоду шаффоф арзёбӣ нашудааст.

Амрикои Лотинӣ маркази нави пандемияи коронавирус шуд

Гулфурӯше дар шаҳри Сан-Бартоломе-Куауихматлак, Мексика


Паҳншавии коронавирус дар қораи Амрико идома дорад ва Бразилияву Мексика дар 24 соати гузашта шумори бештарини талафоти инсонҳо бар асари вируси навро ба қайд гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол дар ИМА ҳам ҳодисаҳои нави олудашавӣ ва марг боиси болоравии омор гардид, дар ҳоле ки тадбирҳои сабуккунии маҳдудиятҳо ва ҳам намоишҳои серҷамъияти эътирозиву хушунатҳо хатари паҳншавии бештари коронавирусро ҷиддитар мекунад. Амрикои Лотинӣ маркази нави пандемияи коронавирус шуд. Дар ин ҷо мақомоти беҳдоштӣ аз боз кардани тиҷорату иқтисод ҳамчун хатари амиқрафти бӯҳрони беҳдоштӣ ҳушдор медиҳанд. Дар феҳристи қурбониҳои 4 июн Бразилия пеш гузашта Итолиё сеюм шуд, чун дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ бо аҳолии 210 миллион нафар дар 24 соати гузашта марги 1473 нафар тасдиқ шуд. Дар Бразилия то ҳол бар асари COVID-19 дар маҷмӯъ 34021 нафар даргузашт ва дар рӯйхати шумори қурбониҳо исми ин кишварро баъди ИМА ва Бритониё қарор дод.
Рӯзи 4 июн зимни суханронӣ дар назди аъзои кумитаи Конгресс раиси Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо Роберт Редфилд гуфт, аз он нигарон аст, ки муроҷиати ин ниҳод ба мардум дар бораи муҳим будани ниқобпӯшиву риояи фосилаи иҷтимоии байни инсонҳо дар ҷомеа дуруст иҷро намешавад ва дар шароити азсаргирии кори тиҷорату иқтисод ҳодисаҳои нави олудагӣ ба беморӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Редфилд дар ҳамовозӣ бо дигар мақомоти беҳдоштии ИМА гуфт, ки таҷаммӯъ ва эътирозҳои сартосарӣ барои пайдоиши ҳодисаҳои нави олудагӣ заминагузорӣ мекунанд ва бахусус чунин хатар дар шаҳрҳое, ки бо ҳаҷми зиёди бемориҳо рӯбарӯ шудаанд, хатарнок аст. Дар 24 соати гузашта дар ИМА 1021 ҳодисаи нави марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва то 4 июн шумори куллии фавтидаҳо дар ин кишвар 108120 нафарро ташкил дод.

ИМА барои муқобила бо вирус дар Тоҷикистон $2,6 миллиони дигар ҷудо мекунад. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Амрико барои муқобила бо коронавируси нав ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн гуфт, бастаи нави кумакҳои Иёлоти Муттаҳида давоми дувоздаҳ моҳи оянда тавассути Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оқохон дастрас мешаванд.

Ин кумакҳо "ёрӣ ба беморони вазнин, ташкили ҷойҳои корӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманд бо хӯрок, кам кардани паҳншавии вирус"-ро дар бар мегиранд.

Амрико пеш аз ин дар ду маврид ба Тоҷикистон беш аз дуним миллион доллар кумак карда буд. Ҳоло саҳмаш барои муқобила бо бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба зиёда аз 5 миллион доллар расид.

Чанде аз кишвару созмонҳои дигари хориҷӣ низ ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии баъзе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат аст.

Бино ба иттилое, ки то ҳоло расонаӣ шудааст,​ Олмон 1 миллион евро, ​Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар​, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар ва​ Русияву Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ё маводи санҷиши коронавирус додаанд. ​

Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз дод. ​Дар суратҳисоби вижаи COVID-19 дар Вазорати молия низ беш аз 11 миллион сомонӣ хайрияи сокинон ҷамъ шудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамвора аз шеваи тақсими кумакҳои башардӯстона норозиянд.

Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд кашиш гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”

Ҷейкоб Фрей, шаҳрдори Миннеаполис дар маросими поси хотири Ҷорҷ Флойд ширкат кард. 4 июни соли 2020

Фаъолони ҳуқуқи башар, сиёсатмадорон ва дигар шахсиятҳои маъруф рӯзи 4 июн дар аввалин маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд, амрикоии 46-солаи африқоитабор иштирок карданд. Флойд аз дасти полиси сиёҳпӯст ба ҳалокат расид ва ин ҳодиса дар саросари ИМА эътирозҳо аз нобаробарии нажодиро ба бор овард. Кашиш ва як фаъоли ҳуқуқи башар Ал Шарптон дар маросими ёдбуди Миннеаполис гуфт, Флойд “ҷаҳонро тағйир дод” ва афзуд, вақти он расид, ки масоили марбут ба сиёсат ва масъулиятшиносӣ дар низоми адолати ҷиноӣ ҳалли худро ёбад. Шарптон гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”. Баъди марги Флойд дар таърихи 25 май дар Миннеаполис давоми беш аз як ҳафта аст, ки дар саросари кишвар намоишҳои сулҳомези эътирозӣ ва ҳам хушунатҳо идома дорад. Хашми мардум аз он ҷо боло гирифт, ки афсари сафедпӯст Дерек Чаувин бо зонуяш аз пушти гардани Флойд ӯро ба замин пахш карда бо вуҷуди илтиҷоҳои ӯ, раҳм накард. Дар маросими ёдбуди Флойд ширкатдорон расо 8 дақиқаву 46 сония хомӯш истоданд, ин ҳамон вақте буд, ки афсари полис Флойдро ба замин пахш кард ва дар натиҷа ӯ даргузашт. Дар маросими мазкур чанд узви Конгресс, инчунин репсароҳову ҳунармандони маъруфи амрикоии африқоитабор ҳам иштирок карданд. Қарор аст ба ёдбуди Флойд дар Каролинаи Шимолӣ ва Ҳюстони Техас ҳам ду маросими дигар баргузор шавад.

Орипов бо вуҷуди эътирози сокинон ба кори раиси вилояти Фарғона баҳои баланд дод

Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбекистон.

Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон 3 июн ҷаласаи ғайринавбатии аъзои маҷлиси ноҳиявӣ баргузор шуд. Сарвазири Узбекистон Абдуллоҳ Орипов, ки дар он ҳузур дошт, ба фаъолияти раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев баҳои баланд дод.

"Раҳбарони ниҳодҳои дахлдор бо дастури бевоситаи президент барои омӯзиши вазъ зери раҳбарии ман ба инҷо омаданд. Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раҳбарони дигар, ки ба инҷо омаданд, пеш аз ҳама нагузоштанд, то вазъ печидатар шавад. Қадр кардани сулҳ хушбахтии бузург аст",-изҳор дошт Орипов дар ҷаласаи маҷлис.

31 май миёни сокинони деҳаи Чашмаи Сӯх ва деҳаи Чечми вилояти Бодканди Қирғизистон бар сари оби чашмае низоъ рух дод. Дар натиҷа задухурд аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуданд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоии узбекӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад сокинони Сӯх ба самти раиси вилояти Фарғона ва раиси пешини ноҳияи Сӯх санг ҳаво медиҳад.

Дар пайи ин задухӯрд сарвазири Узбекистон 1 июн бо сокинони Сӯх мулоқот кард, ки дар он аз раиси ҳукумати ин кишвар барканории раиси вилояти Фарғона талаб шуд. Сокинон гуфтанд, ки дигар ба ӯ бовар надоранд. Худи Ғаниев дар мулоқот бо сокинони Сӯх ба зиндонӣ кардани 74 ҷавон ва хат задани деҳаи ҷанҷолӣ аз харитаи ноҳия таҳдид кард.

Вазири тандурустии Қазоқистон аз сокинон хост, ба тазоҳурот набароянд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов 4 июн дар нишасти хабарии онлайнӣ аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар эътирозҳои оммавӣ иштирок накунанд.

Елжан Биртанов гуфт, дар ин вазъ баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст, зеро таҷаммуи одамон ба паҳн шудани вирус мусоидат мекунад.

"Бояд талаботи қонунгузориро риоя кард ва гуш додан ба суханҳои сардухтури беҳдоштӣ дар давраи паҳн шудани коронавирус дар Қазоқистон ҳатмӣ аст. Барои нақзи талабот ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Аз созмондиҳандагон хоҳиш мекунам, ки чунин чорабиниҳоро ба вақти дигар гузоранд", - афзуд ӯ.

Ду гуруҳи мухолиф - ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов ва гуруҳи ташаббускор барои таъсиси Ҳизби демократии нав дар Қазоқистон бо раҳбарии рӯзноманигору фаъоли маданӣ Жанболат Мамай аз сокинон даъват карданд, ки 6 июн ба нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ пештар нигаронӣ карданд, ки мақомоти қазоқ аз карантин сӯистифода карда, ҳуқуқу озодиҳои сокинонро маҳдуд ва фишор ба фаъолонро бештар мекунанд.

Талаби 20 соли зиндон барои сарвазири пешини Қирғизистон

Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи шаҳри Бишкек ва сохтмони ипподром дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон барои сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов 20 соли зиндон талаб кард.

Додситон ҳамчунин хост, Исҳоқов 247 миллион сом (беш аз 3,3 миллион доллар) ҷарима шавад. Аз додрас хоста шуд, ки сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев танҳо ҷарима супорад.

Вакили дифоъ Боқид Автандил уулу ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, банди айбдории Қорибоев иваз шуд. "Барои Исҳоқов бо назардошти ҳукмаш дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 20 сол талаб шуд. Қорибоевро дар аввал ба фасодкорӣ айбдор мекарданд. Ҳоло ӯ ба сӯистифода аз мақом айбдор аст. Аз додрас хостанд, ки вайро 3,5 ҳазор доллар ҷарима кунад. Ба назари мо, парванда ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро Исҳоқов зидди президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баромада буд", - афзуд вакил.

Ба огаҳии Додситонии кулли Қирғизистон, дар натиҷаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи Бишкек давлат ба маблағи 101,6 млн сом (беш аз 1,3 млн доллар) зарар дидааст. Ин парванда бо қонуншиканиҳо дар бунёди ипподром якҷоя карда шудааст.

Дар доираи парвандаҳои мазкур зидди шаш нафар айб эълон шудааст. Дар миёни онҳо сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев ҳастанд.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек моҳи декабри соли 2019 Исҳоқовро дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 15 сол зиндонӣ карда буд.

Афсари пешини амрикоӣ баъди ду соли зиндон Эронро тарк кард

Майкл Вайт бо модараш

Президенти Амрико гуфт, афсари пешини нирӯҳои баҳрии кишвараш Майкл Вайт, ки дар Эрон боздошту зиндонӣ шуда буд, он кишварро тарк кард ва ба зудӣ ба дидори наздиконаш мерасад. Доналд Трамп рӯзи 4-уми июн дар Твиттер навишт, "Вайт дар ҳавопаймои Швейтсария аст".

Майкл Вайтро соли 2018 дар Эрон бо иттиҳоми "тавҳин" ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва нашри акси хусусӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум карданд. Вай дар пайи густариши бемории коронавируси нав ба сафорати Швейтсария дар Теҳрон интиқол ёфта буд.

Лукашенко аз ошӯби Андиҷон ва ворид шудани Э.Раҳмон ба Душанбе ёд овард. САДО

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистонро намуна овард.

Ба қавли хадамоти матбуоти президенти Беларус, Лукашенко гуфтааст, яке аз дастовардҳои муҳими кишвараш сулҳу субот аст, аммо ҳамзамон гила карда, ки баъзеҳо инро фаромӯш мекунанд.

Вай гуфтааст: "Баъзе аз мардум меандешанд, Украинае, ки вайрон карданд ва дар онҷо ҷанг меравад ва қаламравашро хурд карданд, аз мо дур аст. Молдовае, ки ба Приднестрове ва қисмати ғарбӣ тақсим карданд, аз мо дуртар қарор дорад. Фаромӯш кардаанд, ки чӣ гуна дар Литва дар замони Горбачев барои ҳифзи истиқлол ва ҳокимият ҷангиданд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Қафқоз то ҳанӯз месӯзад, арманиҳо бо озарбойҷониҳо меҷанганд ва ба созиш расида на метавонанд. Аз ёд бурдаанд, ки Гурҷистон қариб сеяки қаламравашро аз даст дод, аввал Абхозистонро ва сипас Осетияи Ҷанубиро. Ниҳоят касе намедонад, ки рафиқи ман Раҳмон бо пулемёт ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ворид шуд, то тартиботро барқарор кунад, чӣ қадар одам дар онҷо кушта шуд, онҳо чӣ гуна бо ришдорон ҷангиданд. Фаромӯш кардаанд, ки президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ошӯби Андиҷонро пахш кард ва ҳазорҳо касро тирборон намуд. Ҳама ӯро муҳокима карданд, аммо вақте даргузашт, ба зону зада, гиря карданд. Мо ин марҳилаҳоро нагузаштаем ва барои ҳамин баъзе инро фаҳмидан намехоҳанд, вале мо хотирнишон мекунем."

Лукашенко: Фаромӯш кардаанд, ки...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Президенти Беларус Александр Лукашенко ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод ва ҳайати навро таъин кард. Интихоботи президентӣ рӯзи 9-уми август сурат хоҳад гирифт. Интизор меравад, Лукашенкои 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ иштирок кунад.

Вай рӯзи чаҳоруми июн гуфт, Беларусро ба касе доданӣ нест, чун, ба гуфтааш, "барои он ки таҳқираш кунанд? Барои онки ҳар рӯз бесубот намоянд ва пора-пора карда, ба каси дигар бидиҳанд? Ман мехоҳам, ҳама инро бишнаванд."

Аз ин пеш, рӯзи 1-уми июн, Александр Лукашенко дар суҳбат бо раҳбари Кумитаи амният Валерий Вакулчик гуфта буд, ба ташкили майдон иҷозат намедиҳанд ва агар зарур аст тани танҳо ба зидди ба гуфтаи ӯ гуруҳҳои ҷиноӣ меҷангад. Ҳарчанд афзуд, "дар ин кишвар ба қадри зарурӣ рутбадороне ҳастанд, ки аз уҳдаи ҳимояти сарзамини худ мебароянд".

Александр Лукашенко, ки бештар бо номи "диктатори охирини Аврупо" машҳур аст, 26 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус ба даст дорад. Ҳеч як интихобот аз замони ба қудрат расидани ӯ мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст.

Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи президентӣ бардошта шуд.

Мунтақидон мегӯянд, Лукашенко ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунтақидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.​

98 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон. Инфографика

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки давоми шабонарӯзи гузашта 98 мавриди дигари гирифторӣ ба бемории СОVID-19-ро сабт карданд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, давоми 24 соати ахир дар кишвар ҳеч кас аз COVID-19 нафавтидааст.

Вазорати тандурустӣ шоми 4-уми июн бо нашри иттилоия эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ҳамакнун 1418 нафари дигар зери муроқибати табибон қарор доштаанд.

Ин вазорат шумораи умумии гирифторон ба коронавирусро дар кишвар 4289 нафар эълон кардааст, ки то кунун 2401 ё 56 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз замони эътирофи беморӣ 48 нафар аз коронавируси нав ҷон бохтаанд.

Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот ҳақиқатро дар бораи беморӣ пинҳон медоранд.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи беш аз 400 нафарро дарҷ кардаанд.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Баъди радду бадалҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисони созмонро ба Душанбе даъват кард. Пеш аз вуруди ҳайат ба кишвар дар рӯзи 30-юми апрел Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки "15 мавриди сирояти СОVID-19" дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG