Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон хостори ягонагии туркҳову курдҳо шуд


Раҷаб Таиб Эрдуғон – сарвазири Туркия туркҳо ва курдҳои кишварро ба ягонагӣ даъват кард ва бори дигар изҳор намуд, ки "ҳадафи ҳукумат мубориза фақат бо ошубгарони курди мустақар дар шимоли Ироқ" аст. Ӯ афзуд, "агар мардум бо ҳам қарин бошанд, ягон ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ ба ҳадаф намерасад". Эрдуғон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш бо талошҳои ҷудоихоҳӣ дар набарди шадид хоҳад буд. Ба иттилои хабаргузориҳо, имрӯз дар як амалиёти неруҳои низомии Туркия дар ҷанубу шарқи кишвар дасти кам 15 тан аз ошубгарони курд ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG