Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши содироти маводи сӯхт ба борикаи Ғаза


Мақомоти Фаластин имрӯз гуфтанд, ки Исроил интиқоли маводи сӯхт ба Борикаи Ғазаро коҳиш додааст. Муҷоҳид Салома – раиси бунгоҳи маводи сӯхти Фаластин гуфт, ки айни ҳол содироти маводи сӯхти дизелӣ ва бензин 40 дар сад ва содироти маводи сӯхт барои неругоҳи Борикаи Ғаза 12 дар сад коҳиш ёфтааст.

Ва аммо мақомоти Исроил ин иддаро рад карданд. Нозирони хориҷӣ низ изҳор карданд, ки дар бораи коҳиши интиқоли маводи сӯхт ба борикаи Ғаза иттилоъе зери даст надоранд.

XS
SM
MD
LG