Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бҳутто аз мақбараи падараш дидан кард


Беназир Бҳутто – сарвазири пешини Покистон барои нахустин бор дар чанд соли ахир аз зодгоҳи худ воқеъ дар ҷануби кишвар дидан кард. Ин аввалин сафари хонум Бҳутто ба хориҷ аз шаҳри Карочӣ баъди сӯиқасди ноком ба ҷонаш дар 9 рӯзи пеш буд. Дар ин ҳодиса, ки бегаҳи 18 октябр - дар рӯзи бозгашти Беназир Бҳутто баъди ғурбати ҳаштсола ба Ватан рух дод, тақрибан 140 кас кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сафари сарвазири собиқ ба зодгоҳаш таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ сурат гирифт. Беназир Бҳутто аз мақбараи падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто – нахустин раиси ҷумҳури аз сӯи мардум интихобшудаи Покистон зиёрат кард. Зулфиқор Алӣ Бҳутто тақрибан сӣ сол пеш баъди як кудатои низомӣ ба дор овехта шуда буд.

Беназир Бҳутто мегӯяд, ки ӯ ба хотири ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба Покистон баргаштааст. Ҳизби мардумии Покистон, ки сарварии онро хонум Бҳутто бар дӯш дорад, аз довтабалони асосии пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии моҳи январи соли оянда маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG