Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара пешниҳодҳои Бағдодро напазируфт


Ҳукумати Туркия пешниҳодҳои Ироқро дар бобати роҳҳои пешгирӣ аз ҳамлаҳои фаромарзии шӯришиёни курд рад кард. Намояндаи Вазорати умри хориҷии Туркия мегӯяд, назар ба нақшаҳои пешниҳодкардаи ҳайъати баландпояи Ироқ, ки ба Анкара сафар кардааст, чораҳои фаврӣ заруртар мебошанд. Дар ҳамин ҳол фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар шимоли Ироқ, генерал-майор Бенҷамин Миксон гуфт, нирӯҳои таҳти фармони ӯ нақшаи пешгирӣ аз фаъолияти курдҳо дар ин минтақаро надоранд ва аз ҳамлаи нирӯҳои Туркия низ ҷилавгирӣ нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG