Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия машварати Бушро интизор мешавад


Фармондеҳи аршади Туркия, генерал Яшар Буюканит имрӯз гуфтааст, Анкара пеш аз тасмимгирии ҳамла ба шимоли Ироқ, интизори сафари сарвазири кишвар ба Вошингтон дар моҳи ноябр мешавад. Сарвазир Раҷаб Таиб Эрдуғон қарор аст, рӯзи 5-уми ноябр бо президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш дар Вошингтон мулоқот кунад. Интизор меравад, дар ин гуфтушунид тарҳи ҳамлаи густардаи Туркия ба шимоли Ироқ барои саркӯбии ҷудоихоҳони курд мавриди баррасӣ қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG