Дар давоми 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум (инфлятсия) дар Тоҷикистон 12,3 дар сад афзудааст, ки чунин болоравӣ тайи солҳои ахир бори аввал аст.
Бино ба як гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, ҷаҳиши таваррум бахусус дар ду моҳи ахир сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, сабаби аслии он қимматшавии нархи маҳсулоти муҳимтарини воридшаванда, аз қабили орду гандум ва сӯзишворӣ, мебошад.