Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, идомаи талафоти ҷонии шаҳрвандон боъиси ихтилофи назар дар ин кишвар мешавад. Карзай ин суханонро дар Лондон дар ҳоле изҳор дошт, ки ҳудуди 3 то 12 шаҳрванди мулкӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии Кобул кушта шуданд. Нируҳои НАТО мегуянд, рузи душанбе дар наздикии Кобул бар зидди тундравҳои вилояти Вардак амалиёти ҳавоӣ анҷом додаанд.