Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоло сипари ИМА фаъол намешавад


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, Вашингтон ҳозир аст барои аз байн бурдани нигарониҳои Русия ҳузузри ин кишвар дар пойгоҳҳои мудофиаи зиддимушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Полша ё худ Лаҳистонро бипазирад.

Аммо аснои нишасти матбуотӣ бо сарвазири Чехия Мирек Тополанек Гейтс афзуд, ки ҳузури Русия фақат баъди иҷозати ҳукумати чех ба амал хоҳад омад:

"Ман ҳамчунин субҳи имрӯз дар сӯҳбат возеҳ кардам, ки агар мо бо Русия ин гуна чораҳои шаффоф ба мисли ҳузури Русия дар пойгоҳҳои Чехия ва Полшаро қабул намоем, мо ибтидо пешниҳодамонро ба ҳукумати Чех матраҳ мекунем ва бидуни иҷозати онҳо чизе ба вуқӯъ намепайвандад."

Сарвазири Ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек аз ташреҳи ин пешниҳоди Гейтс худдорӣ кард.

Ба ақидаи Гейтс ИМА метавонад ин пойгоҳҳоро бунёд намояд, вале то муддати собит шудани "таҳдиди возеҳ" аз тарафи кишварҳои саркаш ба монанди Эрон бидуни фаъолият нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG