Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5500 сомонӣ - барои қайди давлатӣ


Идораи адлияи вилояти Суғд аз аввали сол то имрӯз 54 созмони ҷамъиятиро сабти ном намуда, 8 адад чунин ташкилотро муҷаддадан аз қайди давлатӣ гузаронид.

Ба иттилоъи сардори идораи мазкур Мухтор Ҷавҳаров, дар ҳудуди вилоят дар ҳоли ҳозир 860 созмони ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бар тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ» на дертар аз 1-уми январи соли 2008 ҳама созмонҳои ҷамъиятӣ бояд дигарбора аз қайди давлатӣ гузаранд.

«мабнӣ бар моддаи 23-и ин қонун 5 созмони ҷамъиятӣ ба сабаби номувофиқатии асноди ойинномавиашон бо қонуни мазкур натавонистанд аз қайди давлатӣ гузаранд», - гуфт М. Ҷавҳаров.

Гуфта мешавад, ҷиҳати сабтином ва сабти муҷаддади давлатӣ дар ин марҳила ҳар созмони ҷамъиятӣ ба маблағи 5 550 сомонӣ молиёти давлатӣ пардохтааст.

XS
SM
MD
LG