Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпарасти нави ҳайати Эрон ба музокира меояд


Имруз Саид Ҷалилӣ-раиси нави ҳайати музокироти ҳастаии Эрон дар Рум бо Ҳавиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии барномаҳои ҳастаии Эрон мулоқот мекунад. Саид Ҷалилӣ аз муттаҳидони наздики Маҳмуди Аҳмадинеҷод-раиси ҷумҳури Эрон мебошад. Оқои Ҷалилӣ рузи шанбе баъд аз истеъфои Алии Лориҷонӣ-раиси Шурои олии амнияти миллии Эрон ба ин мақом мансуб шуд. Вале дар музокироти имруз бо оқои Солана ҳар дуи онҳо ширкат меҷуянд. Таҳлилгарон мегуянд, ки таъини Саид Ҷалилӣ ба ин мақом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Эрон мавзеъгириашро дар қиболи барномаҳои ҳастаиаш тундтар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG