Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Мянмар қуюди шабгардиро лағв намуданд


Ҳокимони низомии Мянмар қуюди шабгардӣ дар пойтахти ин кишвар шаҳри Янгунро, ки баъди таъқиби гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони демократия ҷорӣ шуда буд, лағв намуданд. Ин эълон ба воситаи баландгӯякҳои дар мошинҳои низомӣ насб гардида, пахш шуд. Гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони демократия, ки моҳи гузашта ба вуқӯъ пайваста буданд, бузургтарин эътироз бар зидди ҳукми низомиёни Мянмар дар давоми бист соли ахир мебошад. Дар ҷараёни таъқиби хунини ин эътирозҳо ҳадди ақалл 13 кас куштаву ҳазорҳо нафари дигар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG