Порлумони Озарбойҷон имрӯз аз дархости президенти ин кишвар Илҳом Алиевро ба ирсоли сарбози бештар ба Афғонистон пуштибонӣ кард. Қарор шуд нирӯи мазкур ду баробар шуда, ба 45 нафар расад. Сарбозони Озарбойҷон дар Афғонистон аз соли 2002 ба ҳайси таъминкунандагони амнияти талошҳои бозсозӣ дар ғарби ин кишвар хизмат мекунанд. Озарбойҷон ҳамчунин 150 сарбоз дар Ироқ ва 33 нафар дар Косово дорад.