Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов ва Бердимуҳаммадов мулоқот мекунанд


Интизор меравад, ки имруз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон барои дидору гуфтугу бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов -раиси ҷумҳури Туркманистон вориди ин кишвар шавад. Ин ду раҳбар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд. Онҳо ҳамчунин дар бораи лулаи гози Туркманистон, ки аз қаламрави Узбакистон мегузарад ва гози Туркманистонро ба Руссия интиқол медиҳад, гуфтугу хоҳанд кард. Бунёди лулаи гози Туркманистон ба Чин низ мавзуъи дигари гуфтугуи онҳост. Ин лула низ аз Узбакистон мегузарад.

XS
SM
MD
LG