Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул: «Искандаров дар Тоҷикистон мемонад»


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, пиромуни истирдоди дубораи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии ҲДТ, аз Душанбе ба Русия бо мақомоти ин кишвар ҳеч гуфтушунид сурат нагирифтааст ва ин хабарро, ки гӯиё намояндагони додситонии Русия бо ин ҳадаф ба Душанбе омада бошанд, такзиб кард.

Б. Бобохонов аз ҷумла гуфт, ки феълан Искандаров дар зиндон шароити хуб дорад ва аз шароиту вазъи будубошаш шикояте накардааст.

Додситони кулл ҳамчунин гуфт, Маъруф Орифов, раиси шабакаи мағозаҳои «Орима», дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии кишвар нигаҳдорӣ мешавад ва шойиъаҳо дар бораи раҳо шудани М. Орифов бебунёданд.

XS
SM
MD
LG