Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон


Бино ба гузоришҳои расида, дируз Эрон Имодеддин Боғӣ-яке аз фаъолини шинохтаи ҳуқуқи башари ин кишварро боздошт кардааст. Вай бар зидди муҷозоти эъдом таблиғ мекард. Солеҳ Некбахт-вакили мудофеъи вай мегуяд, Боғӣ барои таблиғ ва нашри асноди сиррӣ муттаҳам шудааст. Хабаргузории ИРНО навиштааст, Боғиро барои як сол равонаи боздоштгоҳи муққадамотӣ кардаанд. Боғӣ, ки раҳбари Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи зиндониён аст, қаблан ҳам чанд солро дар зиндон сипарӣ кардааст ва барои дифоъ аз ҳуқуқи зиндониён ба дарёфти ҷоизаи кишварҳои ғарбӣ ноил омадааст.
XS
SM
MD
LG