Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хоҳони таҳрими ҳамоиши Ховари Миёна шудааст


Рӯҳонии баландпояи Эрон аз кишварҳои мусулмон даъват кард, конфаронси байнулмилалии сулҳи Ховари Миёнаро, ки бо сарпарастии Иёлоти Муттаҳида дар моҳи ноябри соли равон дар Вошингтон барпо мешавад, таҳрим кунанд. Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, ин ҳамоиш "найрангомез" аст ва дар ҳоле ки худи фаластиниҳо онро қабул надоранд, кишварҳои дигар низ бояд аз он канорагирӣ кунанд. Иёлоти Муттаҳида аз пешниҳоди табодули хурди қаламравҳо миёни Исроил ва давлати ояндаи Фаластин пуштибнӣ мекунад, то фаластиниҳо дар ҷуброни деҳкадаҳои муҳоҷирони яҳудӣ, бидуни хезондани онҳо, заминҳои дигар бигиранд. Сар аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон Теҳрон Исроилро ба расмият намешиносад.

XS
SM
MD
LG