Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия сафирашро муваққатан аз Амрико фаро хонд


Туркия сафири худро аз Вошингтон фаро хонд. Сабаби он тасвиби қатъномаи қатли оми арманиҳо дар яке аз кумитаҳои Конгресси Амрико мебошад. Дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии якум Отоманҳои Турк якуним милён арманиҳоро қатли ом карданд. Левент Билман-сухангуи вазорати хориҷаи Туркия гуфт, сафир комилан хориҷ ё фаро хонда нашудааст, балки ҳудуди як ҳафта барои машварат дар Онкоро-пойтахти Туркия ба сар хоҳад бурд. Қатъномаи қатли оми арманиҳо дар кумитаи Маҷлиси Намояндагони Амрико 10-уми октябр ба тасвиб расид ва акнун барои баррасӣ ба худи Маҷлиси Намояндагон фиристода мешавад. Интизор меравад, ки моҳи ноябр дар Маҷлиси Намояндагон барои ин қатънома райдиҳӣ сурат бигирад. Ҳамин гуна пешнависи қонун дар Сенати Амрико низ таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG