Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти 6 шабакаи телевизиони ноқилӣ манъ гардид


Имруз Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон фаъолияти 6 шабакаи телевизиони ноқилии (кабелии) кишварро мутаваққиф кард.

Бино бар гуфтаи Толиб Холов, раиси Бозрасии Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, феълан фаъолияти 4 шабакаи телевизиони ноқилӣ дар шаҳри Душанбе ва 2 ҳамин гуна шабака дар ноҳияи Турсунзода бидуни муҷаввиз барнома пахш мекарданд, манъ гардид.

Гуфта мешавад, шабакаҳои мамнӯъшудаи телевизиони ноқилӣ танҳо баъди соҳиби муҷаввизи расмӣ шудан метавонанд фаъолияти худро аз сар гиранд.

XS
SM
MD
LG