Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Туркия


Амрико ба Туркия ҳушдор додааст, ки наметавонад барои интиқом аз курдҳои шуришии Ироқ марзи Ироқро убур кунад. Шон Мак Кормак-сухангуи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Амрико бовар надорад, ки амалиёти фаромарзии нируҳои Туркия дар қаламрави Ироқ дар баландмуддат битавонад ҳалли масъала бошад. Ҳукумати Туркия гуфтааст, ки мехоҳад санадеро дар бораи иҷозаи анҷоми амалиёти низомиёнаш дар шимоли Ироқ бар зидди шуришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи-Ко-Ко ба тасвиб расонад.

XS
SM
MD
LG