Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ба Маскав меравад


Интизор меравад, ки имруз Николас Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса барои музокира бо Влодимитр Путин-раиси ҷумҳури Руссия вориди Маскав шавад. Дар остонаи ин боздиди дуруза оқои Саркозӣ дар мусоҳибае бо рузномаи "Российская Газета"-чопи Маскав дар бораи аҳамияти равобити наздики Руссия бо кишварҳои аврупои изҳори назар кард. Вай ҳамчунин хостори таҳримҳои бештар алайҳи Ирон шуд ва гуфт, таҳримҳои қаблӣ Иронро водор сохт, ки дар бораи барномаҳои ҳастаиаш то андозае шаффофият нишон диҳад.

XS
SM
MD
LG