Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвоёни шиамазҳаби Ироқ ҳамкорӣ мекунанд


Эътилофи муттаҳидаи мусулмонони шиамазҳаби Ироқ, ки сарвазири ин кишвар Нурӣ Ал-Моликӣ низ узви он мебошад, мувофиқати миёни ду раҳбари шиамазҳаби Ироқро хуш пазироӣ намуд.

Пешвоёни шиамазҳаб Муқтадо Ас-Садр ва Абдулазиз ал-Ҳаким мувофиқат кардаанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи хунрезиҳо дар Ироқ ҳамкорӣ намоянд.

Пайравони онҳо барои назорати шаҳру деҳоти шианишини ҷануби Ироқ бо ҳам ҷадал доранд.

Дар ин байн рӯзи шанбе садҳо сокини маҳаллаи шианишини Вашоши Бағдод бар зидди нақшаи ба қавли онҳо амрикоии бунёди девори дифоӣ раҳпаймоӣ намуданд.

Низомиёни ИМА изҳор намудаанд, ки ба хотири ҳифзи сарбозон аз ҳамлаҳои силоҳбадастон дар камаш панҷ маҳаллаи Бағдод девор бунёд хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG