Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ намехоҳад ИМА ба Эрон ҳамла кунад


Ахиран дар як маҳфили байнулмилалӣ дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ИМА, Муваффақ ар-Рабеъӣ, мушовири амниятии Ироқ изҳор намуд, ки ӯ шадидан мухолифи ҳамлаи низомии ИМА ба Эрон аст.

Муваффақ ар-Рабеъӣ таъкид кард, ки ҳар гуна амалиёти низомӣ ба муқобили Эрон тамоми Ховари Миёнаро дар зери оташ қарор хоҳад дод ва аз ин вазъ беш аз ҳар кишвари дигар Ироқ азият хоҳад кашид.

Дар ҳамин ҳол ӯ бар ин назар аст, ки Амрико бояд муколамаи васеъ бо Эронро роҳандозӣ намояд, то возеҳ гардад, ки бар ивази наздикшавӣ ба Вашингтон мақомоти Теҳрон ба қабули кадом тақозоҳои Вашингтон омодаанд.

XS
SM
MD
LG