Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо бар зидди ҳокимони низомии Мянмар


Имрӯз фаъолони ҳуқуқи башари саросари олам бар зидди таъқиби хунини раҳпаймоиҳои эътирозии Мянмар тазоҳурот доир намуданд. Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви Байналмилал бо мақсади водор намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амал бар зидди ҳокимони низомии Мянмар дар беш аз даҳ кишвари Осиёӣ, Аврупоӣ ва Амрикои Шимолӣ раҳпаймоиҳо барпо намуд. ИМА ҳушдор додааст, ки агар Мянмар тақозои ҷомеаи ҷаҳониро нодида гирифта, ҳаракат дар самти демократияро шурӯъ накунад, Вашингтон аз СММ таҳрими Мянмарро талаб хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG