Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи ИДМ дар Душанбе баррасӣ мешавад


Барномаи рушди ояндаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, сиёсат дар қиболи масъалаи муҳоҷират, ҳамгироии ниҳодҳои марзбонӣ, ҳамкорӣ дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм аз масоили умдаи саммити Душанбе хоҳад буд.


Нишасти навбатии раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ рӯзи панҷуми октябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад ва бегоҳи ҳамон рӯз конфронси матбуотии ширкаткунандаҳои нишаст барои хабарнигорон дар назар дошта шудааст.


Интизор меравад, ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳод ба истиснои Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин, ба Душанбе оянд. Ҳайъати Укроинро вазири умумри хориҷаи ин кишвар сарварӣ хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG