Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии буҷаи соли 2008-и Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ, рӯзи ҷумъаи 28-уми сентябр тарҳи буҷаи соли 2008-ро баррасӣ ва қабул кард. Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов дар муаррифии тарҳи буҷаи навбатӣ гуфт, ҳаҷми он назар ба буҷаи феълӣ 63 дарсад бузургтар буда, 4 миллиарду 476 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад. Вай афзуд, харҷи давлат тибқи ин буҷа дар риштаҳои иҷтимоӣ 45 дарсад бештар хоҳад шуд. Дар буҷаи соли 2007 низ афзоиши хароҷоти иҷтимоӣ, ба вижа дар риштаҳои маориф ва беҳдошт тарҳрезӣ шуда буд, аммо таъсири ин афзоиш амалан ба мушоҳида нарасидааст.



Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласаи ҳукумат гуфт, афзоиши даромади нохолиси миллӣ дар соли оянда 7,6 дарсадро ташкил хоҳад дод. Вай ҳамчунин ишора кард, ки ин нишондиҳанда то охири соли равон ба 8 дарсад хоҳад расид. Вале дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ сатҳи таваррумро дар Тоҷикистон имсол беш аз 9 дарсад меноманд, чунин афзоиш номуассир боқӣ хоҳад монд.
Тарҳи буҷаи нав бояд дар порлумон ба тасвиб расад. Одатан таҳре ки ҳукумат омода мекунад, дар порлумон бо ҳеч гуна баҳс ё тағйироти муҳиме рӯбарӯ намешавад.
XS
SM
MD
LG