Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои пароканда кардани порлумон


[i

Ба думболи боздошти Ираклий Окруашвилӣ мунтақиди тундлаҳни раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аҳзоби мухолифи ин кишвар хостори пароканда кардани порлумон шуданд.


Ираклӣ Окруашвилӣ, ки дар ҳукумати Михаил Саакашвилӣ ба ҳайси вазири дифоъ, додситон ва вазири умури дохила фаъолият кардааст, бо иттиҳомоти фасодкорӣ боздошт шуд.


Ду рӯз пеш аз боздошташ Ираклий Окруашвилӣ раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро ба судури дастури қатл ва талош барои таъсиси ҳукумати худкома муттаҳам кард.


Гога Хаиндрава, вазири собиқи ҳалли муноқишот дар Гурҷистон Михаил Саакашвилиро “на президент, балки як террорист” хонд ва мисли дигар тарафдорони мухолифин хостори пароканда шудани порлумон ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур шуд.
XS
SM
MD
LG