Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағҳои муҳоҷиронро таҳқиқ кардаанд


Имрӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, «Бонки ҷаҳонӣ» таҳти унвони «Муҳоҷират ва интиқоли маблағҳои шаҳрвандони дар хориҷ коркунандаи кишварҳои ИДМ: Таҳқиқи долонҳои интихобии интиқол ва дарёфти маблағҳо» муаррифии муҳокимаи маърӯзаҳоро доир намуд.


Гуфта мешавад, дар ин маърӯзаҳо таҳлили суръат, инчунин ҷанбаҳои мусбату манфии муҳоҷирати байнулмилалӣ ва дарёфти маблағҳои пулии шаҳрвандони аз оғози марҳилаи интиқолӣ дар хориҷ коркунанда пешниҳод шуданд. Дар ин нишасти таҳқиқӣ ҳамчунин масоили тасмими муҳоҷират ва сохтори ташкили сиёсати муҳоҷирати байнулмилалӣ дар минтақа мавриди муҳокима ва таҳлили амиқи коршиносону олимони ҷомиъашинос қарор гирифт.


Ба гуфтаи ҷаноби Брайс Куиллин, иқтисоддони «Бонки ҷаҳонӣ» ва яке аз ҳаммуаллифони ин таҳқиқот, баъд аз муаррифии маърӯзаҳо ширкаткунандагони нишаст масоили калидӣ ва мушкилотеро, ки муҳоҷирини кории Тоҷикистон ва кишварҳои ба он наздик рӯ ба рӯ мешаванд, ба тарзи ошкоро муҳокима карданд.


Дар кори ин чорабинии муҳимми доирнамудаи «Бонки ҷаҳонӣ» ҳамчунин намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва васоити ахбори омма, муҳаққиқони доираҳои илмӣ ва академикӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ғайридавлатии миллӣ, соҳибкорону кормандони ширкатҳои бисёрҷонибаву дуҷонибаи кишвар иштирок намуданд.
XS
SM
MD
LG