Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико, зимни суханронии худ дар Маҷмаъаи кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор кард, ки кишвараш аз вазъи Мянмар (Бирмаи собиқ) нигарон аст ва алайҳи раҳбарони низомии он таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.
Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз сарони кишварҳои олам даъват кард, ки фишор болои мақомоти ин кишварро шадидтар кунанд. Ӯ ҳамчунин ба масоили марбут ба гармшавии иқлим, ҷилавгирӣ аз бештар доман густурдани маризии AIDS/HIV ва мубориза бо терроризм низ ишора кард.
Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз кишварҳои олам даъват кард, ки аз мубориза барои демократия дар Афғонистон, Ироқ ва Лубнон пуштибонӣ кунанд. Ӯ афзуд, кишварҳои аъзои Созмони Милал барои сарнавишти афроде масъуланд, ки аз режимҳои худкома дар Белaрус, Кореяи шимолӣ, Сурия ва Эрон ранҷ мекашанд.
Иҷлосияи 62 юми Маҷмааи Кулли Созмони милал дар Ню Йорк бо суханронии Бан Ги Мун, дабири кулли СММ шурӯъ шуд.