Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди пулис ва шӯришиён дар Доғистон


НХ

Дар задухӯрди миёни пулис ва нерӯҳои шӯришӣ, ки субҳи имрӯз дар Доғистон анҷом ёфт, ҳарду шӯришии чеченӣ ва як афсари пулиси Русия кушта шуданд.


Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст, ки ин шӯришиён биноеро дар Махачқалъа ба тасарруфи худ дароварда буданд.


Гуфта мешавад, диргириҳо 12 соат идома ёфтааст. Дар ҳамин ҳол навбатдори идораи пулиси шаҳр гуфтааст, ки, бар тибқи маълумоти қаблӣ, шахсияти ин ду шӯришӣ муайян шудааст ва онҳо Умар Шейхуллоев ва Исмоил Аҳмадов будаанд.
XS
SM
MD
LG