Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби боз як масҷид дар Душанбе


Мақомоти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои як масҷиди воқеъ дар хиёбони Фазлиддин Муҳаммадиеви маҳаллаи 102-ро рӯзи 17-уми сентябр тахриб кардаанд.


Масъулини ноҳия далели тахриби масҷидро дар надоштани санади расмӣ ва сабти ном нашудани он дар шаҳрдорӣ арзёбӣ карданд. Абдушукур Маҳкамов, сардори шуъбаи фарҳанг ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сино, гуфт дар асоси дастури шаҳрдорӣ фаъолияти ҷойҳои ҷамъиятие, ки бидуни иҷозаи расмии фаъолият ба унвони масҷид амал мекунанд, манъ карда хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол Зайдуллоҳи Маҳмадуллоҳ, як тан аз намозгузорон мегӯяд, ки масъулини ноҳия дар ҳоле масҷидро тахриб мекунанд, ки тақрибан 200 нафар нафар дар он намоз мегузоранд.


Гуфта мешавад, бинои ин масҷид ҳанӯз дар соли 1992 бо маблағи сокинони маҳалла ва бо усули ҳашар сохта шуда буд. Оқои Маҳмадулло иддаъо намуд, ки ҳамаи аснод барои дарёфти иҷозаи расмӣ омода шуда буд, аммо бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ онҳо натавонистаанд аз ҳукумати шаҳр санади иҷозаро дарёфт кунанд ва баъдан ҳам мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳар гуна далоил аз сабти расмии масҷид худдорӣ карданд.


Ба бовари бархе аз коршиносон, тахриби масҷид дар моҳи барои мусалмонон мубораки рамазон боиси як навъи фишори мақомот рӯи зиндагии муқаррарии аксари сокинони маҳалла ва нороҳативу норозигии шадиди намозгузорон хоҳад шуд. Дар ҳамин росто як сокини маҳалла бино ва саҳни ин масҷидро барои анҷоми дигар маросимоти милливу мазҳабӣ ниҳоят муҳимм хонд.


Ин ҳама дар ҳолест, ки як манбаъ аз додситонии ноҳияи Синои пойтахт гуфт, ки қарори тахриби боз 5 адад аз чунин биноҳои санади расмии фаъолият надошта иттихоз шудааст ва тахриби онҳо низ бояд дар ҳамин моҳ сурат бигирад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG