Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози амрикоиҳо алайҳи ҷанг дар Ироқ


Даҳҳо ҳазор сокинони Вашингтон дар намоиши алайҳи ҷанг дар Ироқ ширкат карданд. Онҳо хостори хуруҷи фаврии неруҳо аз Ироқ ва эълони импичмент ба раисҷумҳур Ҷорҷ Буш шуданд.


Пулис дасти кам 160 тан аз ширкаткунандагони намоишро боздошт кард.


Эътирозгарон, ки миёни онҳо пайвандони сарбозони амрикоии дар Ироқ ҷонбохта низ буданд, аз Кохи Сафед то бинои Конгресси Иёлоти Муттаҳида раҳпаймоӣ карданд.


Тибқи назархоҳиҳои ахир, беш аз 60 дар сади амрикоиҳо амалиёти низомӣ дар Ироқро иштибоҳ мехонанд.
XS
SM
MD
LG