Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти навбатии тундгароёни покистонӣ


сқ

Бино бар хабари Вазорати дифоъи Покистон, дар манотиқи шимолу ғарби Покистон бар асари як амалиёти густардаи неруҳои ҳукуматӣ 30 тан аз афроди мусаллаҳ кушта шуданд.


Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин 9 низомии ҳукуматӣ маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки низомиёни воломақоми покистонӣ иттилоъи қаблӣ дар бораи ҳалокати 10 сарбозро такзиб карданд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки даргириҳо дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ идома дорад, ки онҷо гурӯҳи бузурги мусаллаҳони пуштибони Толибон мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG